17:24 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.56
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0

Идораи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд бо нашри як иттилоия аз ҷарима барои сӯзондани барги дарахтон ҳушдор медиҳад

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik.  Азизҷон Дӯстматов, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт,  мушоҳидаи мавридҳои сӯзонидани барги дарахтон аз ҷониби сокинон дар фасли тирамоҳ, онҳоро водор намудааст, ки бо нашри як навори  тарғиботӣ дар бораи паёмадҳои манфии чунин амал ва ҷаримабандӣ огоҳ  кунанд.

“Дуди аз ҳисоби сӯзонидани барги дарахтон ҳосилшуда ҳавои атмосфериро олуда намуда, мӯҷиби бемориҳои сироятию  саратонӣ гардида, имунитетро заиф ва бемориҳои роҳи нафасро шиддат бахшида, ба дарди гулӯ ва сар гирифтор мекунад”,-  таъкид намуд Дӯстматов.

Сардори шӯъбаи экология гуфт, аз ин лиҳоз сӯзонидани барги дарахтон дар маҳаллаҳои Хуҷанд манъ буда, дар ҳоли ошкор шудани чунин амал татбиқи ҷарима ногузир аст.

Дӯстматов иброз намуд, ки мавридҳои сӯзонидани барги дарахтон тибқи моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ банду баст шуда то 11 ҳазору 600 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад.

“Барои сӯзонидани барги дарахтон ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад”,-гуфт сардори идораи экологияи Хуҷанд.

Масъулони идораи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, барги дарахтон бояд ҳамчун маводи ғизодиҳанда дар киштзорҳо самаронок истифода шавад.

Барчаспҳо:
ҷарима, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ