15:16 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
169 0 0

Дар вилояти Хатлон шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Дар майдони "70-солагии водии Вахш" дар шаҳри Бохтар бо ширкати раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода беш аз 100 адад дарахтони нодири ороишӣ ва сояафкан шинонида шуд.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Хатлон, рӯзи 21 ноябр дар саросари шаҳри Бохтар, аз ҷумла майдони "Ваҳдати миллӣ", атрофи осорхонаи "Бибихонум", майдони Маркази ҷавонон, боғи фароғатии ба номи Р. Мурчаев, хиёбони Ваҳдат, ҷамъан 620 бех ниҳолони камназири можевелник, дарахти ақоқиё (акатсия), магнолия, каталпа, арча, санавбар, сарв (кипарис), малуси сурх, сӯзанбарг шинонида шуданд.

Ин ниҳолон ва дарахтони чандсола аз ниҳолпарваришгоҳҳои ватанӣ ва кишварҳои урупоии Испания, Белгия, Италия, Сербия, Голландия харидорӣ гардидаанд.

Ниҳолшинонӣ дар вилояти Хатлон тибқи амри раиси вилояти Хатлон аз 20 ноябри соли 2020 оид ба таъсиси Ситод ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист барои солҳои 2020-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба роҳ монда шудааст.

Муроҷиати Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе 2,5 ҳазор ниҳол мешинонанд

Ин мавсим шинонидани 418 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ, сояафкан ва ҳамешасабз, инчунин кишти майсаи ҳамешасабз ба масоҳати умумии 300 ҳазор метри мураббаъ дар назар дошта шудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати нигоҳдории дарахтони нодири ороишӣ, кишти алафҳои ҳамешасабз ва гулҳо дар майдони "70-солагии водии Вахш", аз ҷумла то 100 ҳазор адад лолаи хушранг, вусъати корҳои хуррамгардонӣ дар маркази маъмурии вилоят ба масъулони шаҳрдорӣ дастур додааст.

Бо иштироки раиси вилоят дар деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти "Заргар" - и ноҳияи Кӯшониён низ маъракаи ниҳолшинонӣ барпо гардид. Дар ин мавзеъ сокинони маҳаллӣ беш аз 400 бех ниҳоли можевелник шинониданд.

Манбаъ афзуда, ки дар ин мавсим шинонидани 9 миллиону 952 ҳазор гулу гулбутта, аз ҷумла 2,6 миллион адад лола, 710 ҳазор адад гули садбарг, 6,6 миллион адад гулҳои мавсимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барчаспҳо:
раис, ниҳолшинонӣ, Хатлон

Мавзӯъҳои асосӣ