18:20 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
215 0 0

Давоми 10 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон афзоиши таваллуд ба ҳисоби миёна 2,4% мушоҳида шудааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Аз моҳи январ то октябри соли 2020 дар Тоҷикистон афзоиши сатҳи таваллуд нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми 10 моҳ дар кишвар 166,6 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст. Дар ҳама вилояту минтақаҳо кишвар бақайдгирии таваллуд дар давраи муқарраркардаи қонун 2,4% афзудааст.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, сатҳи таваллуд ва фавт ба ҳисоби миёна ба 1000 нафар аҳолӣ 23,7 ва 4,1 буд.

Оҷонсӣ афзудааст, ки шумораи фавти кӯдакон дар Тоҷикистон низ афзудааст. Аз аввали соли 2020 дар кишвар 28,9 ҳазор нафар фавтидаанд, ки 1,6 ҳазор нафарашон кӯдакони то яксола мебошанд.

Бақайдгирии фавтҳо дар ҳама минтақаҳо 15,7 фоиз афзуда, 28,9 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ёдовар мешавем, ки то аввали моҳи ноябр аҳолии Тоҷикистон аз 9,4 миллион нафар гузашт, ки ин нисбат ба 10 моҳи соли гузашта 2% зиёдтар аст.

Афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна

Минтақаи сераҳолии ҷумҳурӣ вилояти Хатлон буда, дар он ҷо зиёда аз 3,4 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Дар вилояти Суғд бошад беш аз 2,7 миллион, дар ВМКБ - 230,4 ҳазор, дар ноҳияҳои тобеи марказ - беш аз 2,2 миллион ва дар Душанбе - 871,6 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

 

Барчаспҳо:
фавт, таваллуд, аҳолӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ