16:59 21 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
127 0 0

Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо мақомдорони баландпояи ин кишвар масоили кумаки башардӯстона ва мубориза бо COVID-19-ро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Акрам Каримӣ, сафири тоҷик дар Арабистони Саудӣ бо мушовири Девони подшоҳӣ ва роҳбари Маркази имдодрасонӣ ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон,  доктор Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Ал-Рабиа густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.

“Дар вохӯрӣ масъалаҳои авлавиятноки ҳамкории ду кишвар дар соҳаи умури инсонӣ, аз ҷумла андешидани чораҳои муштарак дар самти мубориза бо ҳамагирии COVID-19 ва раванди татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд”, - омадааст дар иттилоия.

Номаи Раҳмон унвонии шоҳи нави Арабистони Саудӣ ирсол шуд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ карда, омодагии худро барои таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак таъкид намуданд.

Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази Шоҳ Салмон оид ба имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расонда буданд, ки , ки тибқи он ба 500 нафар ятими тоҷикистонӣ тайи як сол ҳар моҳ 100 доллари амрикоӣ пардохта мешавад.

Таъкид шуда буд, ки 500 ятими кулл, ки дар тарбияи пайвандони худ қарор доранд, аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Бохтар, Кушониён, Вахш, Левакант, А. Ҷомӣ, Шаҳритуз, Норак, Ёвон, Дустӣ, Хуросон, Ҷ. Балхӣ, Панҷ, Қубодиён ва Ҷайҳун дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида интихоб карда шуданд.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, мулоқот, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ