03:36 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
234 0 0

Вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон Ширин Амонзода бо  роҳбари Намояндагии идораи Комиссари Олии СММ оид ба масоили гурезагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевди Мамо масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо  роҳбари Намояндагии идораи Комиссари Олии СММ оид ба масоили гурезагон (UNHCR) дар Тоҷикистон ҷаноби Мулугета Зевди Мамо мулоқот кард.

Женщины Раштского района за работой
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, ҷонибҳо ҷиҳати тавсияи минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои муҳоҷират, таҳсилоти касбӣ, расонидани кӯмаки машваратӣ-ҳуқуқӣ ва дастгирии молиявии қишри осебпазири кишвар, алалхусус, гурезагону паноҳандагон, изҳори назар намудаанд.

Амонзода вобаста ба лоиҳаҳои амалишудаи муштарак оид ба ҳимояи кӯдакон дар раванди муҳоҷират ёдовар шуд.

Ӯ роҷеъ ба ҳодисаҳои таҳдиди бешаҳрвандӣ ба кӯдакони гурезагон ва паноҳандагон бо мусоидати Комиссари Олии СММ ва ЮНИСЕФ ба онҳо шаҳодантномаи таваллуд дода шуд, ёдоварӣ намуда, ҳамкориҳои муштаракро дар самти мусоидати таълими калонсолон ва касбомўзии шаҳрвандони бекор муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ кард.

Встреча Амонзода с Мулугета Зевди Мамо
Министерство труда, миграции и занятости РТ
Встреча Амонзода с Мулугета Зевди Мамо

Тарафҳо оид ба масъалаи рушди марказҳои касбомӯзии калонсолон таваҷҷуҳи бештар намуда, масъалаи татбиқи як қатор барномаҳои муосир, ҷорӣ намудани шуғлҳои таълимии муосир ва истифодаи барномаҳои фосилавиро барои азхуднамоии талаботҳо ва касбҳои бозори меҳнат дар давраи ҳамагирӣ дар марказҳои омӯзишии калонсолон муҳим ва зарур донистнд.

Музду мизоҷ зиёд: чӣ гуна пандемия харидрасониро дар сархати корҳо қарор дод?

Зимни мулоқот, ҷонибҳо масъалаи касбомӯзии гурезагону паноҳҷӯён дар марказҳои омӯзишии калонсолон дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор дода, густариши ҳамкориҳои муштаракро дар самти муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, паноҳҷӯён, гурезагон ва оилаҳои онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаанд.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, мулоқот, вазорати меҳнати Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ