21:11 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
148 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи пойтахтро даъват карда, рӯзномаи ҷаласаро муайян намудааст

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи қарори раиси Душанбе, ҷаласаи навбатӣ 25 декабри соли 2020, соати 9:00 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ - 40 даъват карда мешавад.

Ба рӯзномаи ҷаласа, ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе ворид шудааст. Дар назар аст, ки Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2020 ба вакилони пойтахт гузориш диҳад.

Бо муҳаррики "Мерседес Бенс": рӯнамоии автобус ва троллейбусҳои нав дар Душанбе

Инчунин масъалаи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2021 ва иҷрои барномаҳои давлатию нақшаи чорабиниҳои мақомоти пойтахт дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар қарор инчунин омадааст, ки вакилон то 22 декабри соли 2020 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ барои такмили рӯзномаи Маҷлис,таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.

Барчаспҳо:
маҷлис, вакилон, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ