01:59 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
199110

Хадича Қодирова духтари 20-солаи раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров мудири шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Грозний таъйин шудааст

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Аз моҳи сентябр то ҳол, ду фарзанди Рамазон Қодиров дар шаҳри Грозний вазифа гирифтанд. Хабари таъйин шудани духтари дуюми Қодиров ба ҳайси мудири шӯъбаи таҳсилоти томактабиро, роҳбари парлумони Грозний Муҳаммад Довудов дар сафҳаи Инстаграми худ гузоштааст.

Хадича Қодирова акнун дуюмин духтари кишвардори Чеченистон аст, ки ба мақоми баланд такя зад.

Қаблан, моҳи сентябри соли ҷорӣ, Оиша Қодироваи 21 - сола муовини аввали вазири фарҳанги Чеченистон интихоб гардид.

Муҳаммад Довудов дар пайи нашри ин хабар, изҳор доштааст, ки боварӣ дорад, ки Хадича худро ҳамчун мудири шӯъба сазовор нишон медиҳад.

Сардори Чеченистон пайвандони худро борҳо ба вазифаҳои роҳбарикунандаи минтақа таъин кард. Аз ҷумла, моҳи ноябр Хас-Магомед Қодирови 28-сола сардори маъмурият ва ҳукумати Чеченистон шуд. Вай ҷияни чаҳоруми Рамазон Қодиров аст ва қаблан ба ҳайси котиби Шӯрои Амнияти ҷумҳурӣ ифои вазифа намуда буд.

Қодиров гуфт, барои мавқеъгирияш дар робита ба Макрон омода аст истеъфо ва ё ҷон диҳад

Дар моҳи октябр, бародари фарзандхондаш Висита Қодиров ба вазифаи муовини сардори департаменти Роспотребнадзор дар ҷумҳурӣ таъйин карда шуд. Чанде пеш аз он, дар моҳи сентябр, ҷияни раиси вилоят Идрис Черхигов куратори минтақаҳои Гудермес ва Шелковскийро ба ӯҳда гирифт ва моҳи феврал ҷияни дигар Ҳамзат Қодиров вазири варзиши Чеченистон шуд.

Барчаспҳо:
мансабӣ, пайвандон, Чеченистон, Рамазон Қодиров

Мавзӯъҳои асосӣ