"Деҳаи ҳушманд" дар Ёқутистон фаъол мешавад

© Sputnik / В. Яковлев / Гузариш ба медиабонкОленеводы Оймякона, архивное фото
Оленеводы Оймякона, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои сокинони деҳаҳои Ҷумҳурии Саха – Ёқутистон хидматрасонии ҳушманд "Smart Village" таҳия карда мешавад

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ахбор, блог ва низомҳои назорати муҳити зист, пешгирии сӯхтор, назорати видеоӣ ва инчунин маълумот дар бораи роҳбандиҳою таъмир дар як марказ дар ҳар маҳалли аҳолинишин ва ноҳияи Нами Ёқутистон ҷамъоварӣ хоҳад шуд.

На рынке в центре Петербурга выявлены нелегальные мигранты - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Ёқутистон 33 навъи фаъолиятро барои муҳоҷирон мамнуъ кард

Дар Вазорати фановариҳо, рушди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии Ёқутистон ба РИА Новости дар бораи имкониятҳои "Smart Village" ва нақшаҳои таҳиягарон, ки фаротар аз ҳудуди Федератсияи Русия мебошанд, нақл карданд.

Лоиҳаи "Деҳаи ҳушманд" шабеҳи "Шаҳри ҳушманд" мебошад, ки ба нуқтаҳои аҳолинишини хурд мутобиқ карда шуда, бо назардошти буҷети шаҳрҳо ва аҳолӣ, он аз ҷониби маркази минтақавии иттилоотӣ назорату ҳамоҳанг карда мешавад. Таъсиси он ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Бо якҷо кардани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, маъмурияти минтақа метавонад мустақиман бо ҷамоатҳо  ҳамкорӣ кунад, инфрасохторро назорат намояд. Арзёбӣ намояд, ки дар маҳалли аҳолинишин чӣ рӯй медиҳад, чӣ гуна рушд мекунад ва кадом усулҳо метавонанд сатҳи зиндагии шаҳрвандонро беҳтар кунанд.

Взлетно-посадочная полоса аэропорта Якутск с рассыпанным грузом из самолёта Ан-12. 15 марта 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Сокинони Ёқутистон тиллои аз ҳавопаймо рехтаро меҷӯянд

"Марказҳои минтақавии технологияи иттилоотӣ барои он сохта мешаванд, ки фановариҳои иттилоотӣ ба рушди деҳот ва шаҳрҳои ҷумҳурӣ хидмат кунанд. Лоиҳаи "Деҳаи ҳушманд" ҳам аз ҷониби мақомоти маҳаллии ноҳияи Нам дастгирӣ ёфт, ки омодаанд онро фавран амалӣ кунанд ва ҳам таҳиягарони пойгоҳи идоракунии рақамӣ ҳавасмандиро баён карданд. Лоиҳа метавонад як таҷрибаи рақамикунонии шаҳраки деҳоти Ёқутистон гардад", - гуфт Анатолий Семёнов, вазири фановариҳо, рушди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии Ёқутистон.

"Деҳаи ҳушманд" инчунин ба маъмурияти шаҳрҳо кӯмак хоҳад кард. Маҷмӯи зерсохторҳои иттилоотӣ, ки ба ҷамъоварӣ, назорат, таҳлили маълумот ва коркард равона шудаанд, имкон медиҳанд, ки нуқтаи аҳолинишин самараноктар идора карда шавад, муътақиданд дар Вазорат.

Окружная администрация города Якутска, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикон дигар наметавонанд дар конҳои Ёқутистон кор кунанд

Масалан, низомҳои огоҳикунандаи бахши мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, ҳушдор аз сӯхтору обхезиҳо, назорати экологӣ дар масъалаҳои таъмини амният тағйироти мусбате хоҳанд шуд.

Маълумоти марбут ба коммуникатсияи муҳандисӣ, истгоҳҳои мобилӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, шабакаҳои таъминоти барқ ​​ба ҳалли босифати масъалаҳои инфрасохтории маҳаллаҳои аҳолинишин мусоидат мекунад. Бахше, ки ба муассисаҳои фарҳангӣ, тиб ва сайёҳӣ бахшида шудааст, метавонад фаъолиятҳои иҷтимоию фарҳангии деҳотро ба сатҳи нав бардорад.

Технологияи асосие, ки барои татбиқи ин иқдом истифода мешавад, пойгоҳест, ки онро як ширкати мақараш дар парки технологию иттилоотии Якутск таҳия кардааст.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабси ду шаҳрванди Қирғизистон дар робита ба парвандаи таҷовуз дар Ёқутистон

Ин як бастаи нармафзор дар шакли тарроҳ мебошад, ки барои ҳалли масоили васеъ равона шудааст.

Таҳиягарон мегӯянд, лоиҳаро ояндаи бузург интизор аст, чун ҳангоми эҷоди он мутахассисон аз усулҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ истифода кардаанд, то минбаъд низом на танҳо дар Русия, балки берун аз он низ истифода шавад. Ба гуфтаи таҳиягарон, маҳалҳои аҳолинишини хурд дар хориҷа тавони хариди низомҳои гаронбаҳои худкорро надоранд. Қарор аст, "Деҳаи ҳушманд" аз семоҳаи аввали соли 2021 ба фаъолият оғоз кунад. Маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳа аз ҳисоби сармоягузории ширкати таҳиягарони лоиҳа ва инчунин пардохти абонентии ҳармоҳа тибқи модулҳои интихобшуда сурат мегирад.

Лентаи хабарҳо
0