22:11 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
108 0 0

Мақомоти Тоҷикистон пешгӯӣ мекунанд, ки дар даҳ соли оянда теъдоди аҳолии ҷумҳурӣ беш аз 1,5 миллион афзоиш меёбад

ДУШАНБЕ, 19 декабр - Sputnik. Дурнамои афзоиши аҳолии Тоҷикистонро муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашурбой Солеҳзода дар як ҷаласа бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои пешакии лоиҳаи ЮНФПА "Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон" эълон кард.

Солеҳзода ёдовар шуд, ки соли 1991 дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар зиндагӣ мекарданд ва ҳоло шумораи аҳолӣ тақрибан 9,5 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Гилаи раиси Кумитаи андоз аз зиёд нашудани маош ва ҷойҳои корӣ

"Тибқи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон, аҳолии кишвар то соли 2030 аз марзи 11 миллион нафарро убур мекунад", -  гуфт муовини вазир.

Солеҳзода илова кард, ки тақрибан 60%-и аҳолӣ шаҳрвандони қобили меҳнат хоҳанд буд. Вай қайд кард, ки афзоиши аҳолӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.

Барчаспҳо:
аҳолӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ