00:20 24 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1168 0 0

Анастасия Радзинскаяи шашсола аз Краснодар бори дуввум дар даҳгонаи блогерҳои сердаромадтарин дар Ютюб шомил шудааст

ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Дар ин бора бахши русии маҷаллаи Forbes иттилоъ дода, навиштааст, ки Анастасия зинаи ҳафтуми рейтингро ишғол мекунад.

"Анастасия Радзинская, зодаи шашсолаи қаламрави Краснодар, тибқи гузориши маҷаллаи амрикоии Форбс, дар рейтинги блогерҳои баландмузди YouTube дар ҷаҳон мақоми ҳафтумро ишғол кард. Маҷалла рӯзи 18 декабр рӯйхати 10 ситораи сервиси видеоиро нашр кард",- менависад рӯзнома.

Қайд карда мешавад, ки канали Радзинская Like Nastya ном дорад. Мувофиқи маълумоти Forbes, Радзинская соли дуюм аст, ки ба рейтинг дохил карда шудааст - дар соли 2019 ӯ ҷои сеюмро гирифт, ки даромадаш 18 миллион долларро ташкил дод.

Тибқи иттилои нашрия, даромади Радзинская имсол 18,5 миллион доллар, шумораи умумии тамошобинон 39 миллиард ва шумораи умумии муштариён 190,6 миллион нафарро ташкил додааст.

Ғайр аз он, қайд карда мешавад, ки Настя ягона духтарест дар байни 10 блогери беҳтарини YouTube.

"Райан Каҷӣ дар феҳрист, ба мисли як соли пеш, дар ҷои аввал қарор гирифт. Ӯ нӯҳсола аст, ва аз се солагӣ дар YouTube буд. Имсол, Forbes USA даромади ӯро 29,5 миллион доллар ҳисоб кардааст. Ӯро бо 41,7 миллион муштарӣ 12,2 миллиард тамошо кардаанд".

Ба иттилои манбаъ, дар зинаи дуввум блогер Mr. Beast (Ҷимми Доналдсон) қарор гирифтааст, ки бори аввал ба ин рӯйхат шомил мешавад.

Гуфта мешавад, ӯ бо 47,8 миллион муштарӣ се миллиард тамошобин 24 миллион доллар ба даст овардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ