Аҳмадзода ба занон 60 гранти аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ тақдим кард

© сомонаи ҳукумати раиси СуғдРаҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳангоми тақдими грант ба занони ҳунарманд
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳангоми тақдими грант ба занони ҳунарманд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди 18 шаҳру ноҳияи вилоят гранти Раиси вилоятро ботантана тақдим намуд

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Раиси вилоят дар маросими эътои грантҳо гуфт, мардуми тоҷик аз дуртарин даврони таърих ба ҳунар ва ҳунарварӣ таваҷҷӯҳи махсус дошта, ҳунармандӣ як рукни бузурги зиндагонии ниёгони моро ифода менамояд.

Выступление президента Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон стратегияи рушди Тоҷикистонро барои 7 соли оянда муайян кард

Ӯ зикр намуд, ки понздаҳ сол инҷониб ҳар сол барои рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд, ки аз 10 ҳазор то 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Дар ин радиф, солҳои охир дар вилоят низ ҷиҳати дастгирии фаъолияти занони ҳунарманд грантҳои Раиси вилоят таъсис дода, занони ҳунарманду эҷодкори вилоят дар солҳои 2010-2019-ум 2 миллиону 525 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб шуда, на танҳо шароити иқтисодии оилаашонро беҳтар карданд, балки барои садҳо нафар занону духтарон ҷойҳои нави корӣ таъсис доданд”, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Ахмадзода и посол Қазахстана в РТ - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода дар гуфтугӯ бо сафири Қазоқистон хостори бунёди корхонаҳои муштарак шуд

Манбаъ афзуд, ки имсол 60 адад гранти раиси Суғд, аз ҷумла 15 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардид, ки дар маҷмӯъ, ба 420 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Ба иттилои котибот, занони ҳунарманд ният доранд, аз 10 то 60 нафар занону духтаронро бо ҷойи корӣ таъмин намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар вазъияти тантанавӣ ба гирандагони гранти Раиси вилоят маблағҳои пулиро тақдим намуда, онҳоро барои ин дастовард ва ба ифтихори фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, комёбиҳо таманно намуд.

Лентаи хабарҳо
0