Вазир дасту остин бар зад: бозорҳои мардикории Тоҷикистон аз байн мераванд?

© акс аз саҳифаи фейсбукии Ширин АмонзодаШирин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои аз миён бурдани бозорҳои мардикорӣ барнома гирифтааст

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Як масъули вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод тасмим гирифтааст тамоми бозорҳои мардикории кишварро ошкор намуда, корҷӯёнро сабти ном ва бо кор таъмин кунад.

“Бозорҳои мардикорӣ дар шаҳрҳои мо аз қадим вуҷуд доштанд. Мардум ба ин бозорҳо барои ҷустуҷӯи кор омада, кору нони хонаводаашонро пайдо мекарданд. Ҳоло ҳадафи мо ин аст, ки ин бозорҳоро аз роҳи мутамаддин аз миён барем. Чӣ тур? Мардикорон – чӣ марду чӣ занро ба курсҳои омӯзишии ройгон фаро гирифта, пас аз соҳибкасб шудан онҳоро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунем”, - гуфт ин масъул.

Бозорҳои мардикорӣ анқариб дар тамоми шаҳрҳои Тоҷикистон, қабл аз ҳама Душанбеву Хуҷанд ва Бохтар фаъоланд.

Министр труда и занятости Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон
Ҷойи кор барои муҳоҷирон, паноҳҷӯён ва гурезагон: мулоқоти Амонзода бо Мамо

Мардум аз навоҳии гирду атроф ба ин бозорҳо омада, мунтазири корфармо мешаванд ва ахириҳо низ дар навбати худ аз хадамоти чунин афроди корҷӯ истифода мекунанд.

Яке аз воқеияти солҳои ахири Тоҷикистон пайдо шудани бозорҳои мардикории корҷӯёни ҷинси латиф аст, ки бахусус, дар фасли гармо ё мавсими ғунучини ҳосил гарм мешавад. Аммо дар фасли сармо низ ин бозори занони корҷӯ фаъоланд.

Як рӯзи қабл Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, бо рӯи даст гирифтани иқдоми бесобиқае ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон рафт ва бо занони корҷӯи бозори мардикории ин шаҳр дидор намуд.

Бино ба иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, вазир онҳоро даъват кард, ки барои соҳибтахассус ва соҳиби ҷойи кории доимӣ шудан ба курсҳои касбомӯзӣ, махсусан қаннодӣ, бофандагӣ, дузандагӣ, ороиши мую рӯй ва пӯхтани таъомҳои миллӣ рӯ оваранд.

“Ширин Амонзода гуфт, ки дар як ҳафта барои онҳо се рӯз курс ташкил мешавад ва чор рӯзи дигар метавонанд ба фаъолияти меҳнатӣ пардозанд, то дар як давра муайян ҳам таълим гирифта, соҳиби касби муайян шаванд ва ҳам рӯзгори худро пеш баранд”, - гуфтанд дар маркази матбуоти вазорат.

© акс аз сафҳаи фейсбукии Ш.АмоноваМулоқоти Ширин Амонзода бо корҷӯён дар "мардикорбозор"-и Бохтар
Вазир дасту остин бар зад: бозорҳои мардикории Тоҷикистон аз байн мераванд? - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Ширин Амонзода бо корҷӯён дар "мардикорбозор"-и Бохтар

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ҳамзамон ба мардони корҷӯи шаҳри Бохтар низ пешниҳод кардааст, ки ба курсҳои омӯзишии ройгон омада, касб омӯзанд.

“Вазир раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлонро вазифадор намуд, ки рӯйхати корҷӯёнро омода намуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат курсҳои омӯзишии мавриди назарро ба роҳ монад”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дақиқ нест, ки дар саросари кишвар чанд бозори мардикорӣ фаъолият намуда, ба чӣ теъдод корҷӯ дар онҳо дар ҷустуҷӯи коранд, зеро ин бозорҳо расман сабти ном нашуд ва назми муайяни корӣ надоранд.

Лентаи хабарҳо
0