Путин пешниҳод кард, ки 31 декабр истироҳат эълон шавад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Молдавии И. Додоном
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Молдавии И. Додоном - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, пешниҳод кард, ки 31 декабр дар манотиқи кишвар рӯзи истироҳат эълон карда шавад

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Путин дар пайи пешниҳоди вакили парлумон, Сергей Неверов барои эълони 31 декабри соли 2020 рӯзи истироҳати умумирусиягӣ, ба волиҳои вилоятҳои Русия муроҷиат кард.

Праздничный новогодний стол - Sputnik Тоҷикистон
Аз кулчаҳои "Роҳат" то лӯлакабоби тоҷикӣ: сирри лазизтарин хӯрокҳои Душанбе фош шуд

Ба гуфтаи Путин, зарур аст, ки 31 декабр дар тамоми Русия рӯзи истироҳат эълон карда шавад, аммо дар сатҳи федералӣ амалӣ кардани ин кор феълан ғайриимкон мебошад.

"Зарур аст, ки ин ташаббус дастгирӣ ёбад, дар сатҳи федералӣ ин кор феълан ғайриимкон мебошад, аммо минтақаҳо метавонанд ин корро анҷом диҳанд”, - изҳор дошт Путин зимни ҷаласа.

Дар Русия рӯзи охири сол расман истироҳатӣ нест, бинобар ин кормандони идораю ташкилотро зарур аст, ки тибқи реҷаи муқаррарӣ кор кунанд.

Баҳсҳо атрофи таътил эълон шудани 31 декабр солҳо боз давом дорад. Ин масъала баъди он мубрам шуд, ки Сергей Жвачкин, волии вилояти Томск рӯзи кориро дар вилоят аз 31 декабр ба шанбеи охири моҳ гузаронд.

Лоиҳаи қонун дар бораи таътил эълон кардани 31 декабр борҳо ба парлумон ворид шудааст, аммо то ҳол қабул нагардидааст.

Лентаи хабарҳо
0