19:59 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
130 0 0

Маъмурини милисаи вилояти Суғд нисбат ба волидайни наврасону ноболиғон 1 ҳазору 837 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Тибқи иттилои раёсати ВУД дар Суғд, аз ин шумора ба 749 нафар шаҳрвандон огоҳӣ дода шуда, 948 нафар ҷаримабандӣ шуданд гардидаанд. Инчунин 136 санад дар додгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар зинаи баррасӣ қарор доранд, хабар додааст “Ховар” аз қавли котиботи милисаи Суғд.

Манбаъ зикр кард, ки тибқи моддаи 8-и ин қонун, волидайн вазифадоранд шабона ҳузури кӯдакони то 18-соларо дар марказҳои фароғатӣ пешгирӣ кунанд, инчунин аз соати 18:00 то 6:00 рафтани фарзанди ноболиғи худро ба марказҳои дорои бозиҳои компютерӣ ё хидматҳои интернетӣ манъ кунанд.

Бо вуҷуди ин талабот кормандони милитсия далелҳоеро ошкор карданд, ки наврасон-хонандагони мактабҳо вақти худро дар толорҳои бозӣ гузаронидаанд, илова намуд мақомоти милисаи Суғд.

Дар матлаб таъкид шудааст, ки ҳамаи ин нуқтаҳо ва марказҳо тавсияҳои табибон ва мутахассисонро оид ба пешгирии паҳншавии вируси COVID-19 иҷро намекунанд.

“Зеро дар толорҳои бозӣ масофаи иҷтимоӣ риоя нагардида, меҳмонон ниқобҳои муҳофизатӣ надоранд ва маводи безараргардонӣ низ мушоҳида намегардад. Инчунин ҳангоми ворид шудан ба ҳуҷра ҳарорат чен карда намешавад, ки ҳамаи ин метавонад ба оқибатҳои манфӣ барад”, - омадааст дар матлаб.

Барчаспҳо:
Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ