01:16 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
795 0 0

Маҳмудҷон Муродов, раиси ширкати сохтмонии “Сарманзил”, ба ду оилаи камбизоати дигар дар шаҳри Душанбе хона дод

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Муродов ба ду оилаи дорои имконияти маҳдуд дар кӯчаи Ҳусейнзодаи пойтахт манзилҳои дуҳуҷрагӣ дода, инчунин барои аъзои ин хонавода сарулибос тақдим намудааст.

Ин дар ҳолест, ки моҳи майи соли равон низ мудири ширкати "Сарманзил"  ба се нафар аз оилаҳои ятим ва дорои маъюбият дар кӯчаи Айнии пойтахт хона дода буд.

Аз ҷумла Раъно Раҳимова,  Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам дар бинои навбунёд дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур соҳиби хона шуда буданд.

Муродов таъмири биноҳои як кӯчаи Душанберо ба уҳда гирифт

Бар асоси гузоришҳо Маҳмудҷон Муродов, соҳибкори тоҷик, тайи моҳи Рамазон дар маъракаҳои хайрия фаъолона иштирок карда, ба оилаҳои камбизоату собиқадорони ҶБВ дар баробари кумаки молиявӣ инчунин маводи ғизоиро ироа кардааст.

Муродов қаблан бо харҷи беш аз 6,8 миллион сомонӣ ятимхонаи Душанберо таъмир ва муҷаҳҳаз карда буд. 

Ин соҳибкор, ки миёни мардум бо номи Ҳоҷӣ Маҳмуд маъруф аст, дар арафаи идҳои Фитр ва Қурбон имсол ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида буд.

Барчаспҳо:
тақдим, сохтмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ