05:41 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
20210

Рӯзи бисту ҳаштуми декабр дар Тоҷикистон – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ буда, Рӯзи байналмилалии кино ва дар Испания – Рӯзи ханда мебошад

Рӯзи 28 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1836 Испания  истиқлолияти Мексикаро эътироф кард.

Соли 1895  дар Порис  аввалин киносеанси оммавии пулакӣ баргузор гардид.

Соли 1908 дар ҷазираи Ситсилия (Италия) заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натиҷа 75 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1999 дар кароргоҳи СММ дар Ню-Йорк намояндагони Португалия ва Индонезия ҳуҷҷат оид ба барқарор намудани муносиботи дипломатиро ба имзо расониданд.

Соли 2007 Непал Ҷумҳурии Федеративӣ-Демократӣ эълон карда шуд.

Рӯзи 28 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1926 – дар наздикии Душанбе (қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ) корхонаи коркарди нахи пахтаи Айнӣ ба истифода дода шуд.

Соли 1938 – Таъсиси Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Государственная филармония им. А. Джураева
© Sputnik / Амир Исаев
Государственная филармония им. А. Джураева

Соли 1942 – Канали Калони Ҳисор ба истифода дода шуд.

Соли 1953 – Таъсиси Ҷамъияти ҷуғрофии Тоҷикистон – филиали Ҷамъияти ҷуғрофии умумииттифоқ.

День 15 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1965 — Хонаи меъморони Тоҷикистон кушода шуд.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни КВД «Талко» (Тоҷикистон), ширкати «Noble Resources Ltd» (Гонконг) ва «Det.AL Azeraluminium» (Озарбойҷон) шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2010 дар Академияи илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи "Ибни Сино ва мушкилоти муосири фалсафа ва тиб" конфронси илмӣ – назариявӣ баргузор гардид. Конфронси мазкур ба муносибати 1030-солагии зодрӯзи олим ва файласуфи барҷастаи тоҷик, нобиғаи асримиёнагӣ Абӯалӣ ибни Сино баргузор карда шуд.

Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил»- ро имзо кард.

Соли 2015 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020-ро тасдиқ намуд.

Соли 2016 дар Маҷмааи кӯҳию лижаронии "Сафеддара" Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон ва варзишгарони мамлакат мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 28 декабр

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ.
  • Рӯзи байналмилалии кино.
  • Дар Испания –Рӯзи  ханда.

Рӯзи 28 декабр кӣ ба дунё омадааст

Соли 1908-1943 – олим забоншинос ва адабиётшинос, муҳаққиқи фолклор, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Лутфулло Бузургзода.

Соли 1944 – шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Маъмур.

Соли 1945 – шоир Мирзо Боқӣ.

Соли 1954 – олим Алимурод Тағоймуродов.

Соли 1962 – котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов.

Соли 1969 – рӯзноманигор Муҳаммадалло Табарӣ.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 12 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 13 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 15 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, ҷашн, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ