Аз зодрӯзи Бобоҷон Ғафуров то таҷлили Соли нави мелодӣ: имрӯз дар таърих

© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 31 декабря
День 31 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 31 декабри соли 1908 академик Бобоҷон Ғафуров ба дунё омадааст. Шоми ин рӯз Соли нави мелодӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 31 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1958  Соли байналмилалии геофизикӣ, ки 1 июли соли 1957 оғоз гардида буд, ба анҷом расид.

День 30 декабря  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 30 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1960 Куба аз Шӯрои амнияти СММ талаб кард, ки  шикояташро дар бораи аз ҷониби ИМА мавриди зӯроварӣ қарор гирифтан дида барояд.

Соли 1968 аввалин маротиба дар ҷаҳон парвози санҷишии ҳавопаймои Ту-144 амалӣ карда шуд.

Соли 1998 дар Русия аввалин маротиба хати телефонии байнишаҳрии Санкт-Петербург-Москва ба роҳ монда шуд. Маҳз дар Русия хати телефоние пайдо шуд, ки он замон дар тамоми Аврупо дарозтарин меҳсуб меёфт. 

Соли 1986 хурдтарин иттифоқи касаба дар ҷаҳон — истеҳсолкунандаи ҷилд ва девораҳо барои маснуоти заргарӣ (дар ҳайаташ як нафар буд) бекор карда шуд.

Рӯзи 31 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли  1925 бо қарори  ҳайати раёсати Кумитаи  инқилобии Ҷумҳурии худмухтори  шӯравии  сотсиалистии Тоҷикистон шуъбаи  ТАСС  (Агентии телеграфии  Иттиҳоди  Шӯравӣ)  дар  Тоҷикистон таъсис  ёфта  буд,  ки баъдан шуъба  мақоми Агентии телеграфии  Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро касб  намуд.

День 15 декабря  - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 15 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҳоло ТоҷикТА ба Агентии миллии иттилоотии Точикистон "Ховар" -и назди Ҳукумати Тоҷикистон тағйири ном карда, ҳамчун манбаи расмии иттилоотии Тоҷикистон шинохта шудааст.

Соли 2008 Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи миёни ду кишвар баҳои баланд доданд.

Соли 2009 мулоқот ва намоишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистону Дубай доир шуд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардиданд.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи муштараки Комиссия оид ба сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 31 декабр

  • Дар Ҷумҳурии Қирғизистон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.
  • Рӯзи ҳамраъйии озарбойҷониёни тамоми ҷаҳон.
  • Соли нави мелодӣ

Рӯзи 31 декабр кӣ ба дунё омадааст

Назар Амирхонов (1933) – доктори илми биологӣ, профессор.

Мулук Баҳор (1917 – 1986) – сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Рустамҷон Воҳидов (1955) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Бобоҷон Ғафуров (1908 – 1977) – арбоби давлатӣ, доктори илми таърих, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон.

Фотима Ғуломова (1934) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Саодат Муҳаммадиева (1956) – доктори илми тиб, профессор.

Барот Раҳматов (1923) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Саидқул Сабзаев (1947) – доктори илми филологӣ, профессор.

Даврон Сафоев (1932)- рассом.

Собир Солиев (1920 – 1994) – наттоқи радио, актёри театр.Рустамбек Юсуфбеков (1923 – 2006) – доктори илми иқтисод, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Лентаи хабарҳо
0