Аз таъсиси шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Гулчеҳра Сулаймонӣ: имрӯз дар таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 1 января
День 1 января - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи якуми январ Ҷашни пуршукӯҳ — Соли нав дар бештари давлатҳои чаҳон (шаби 31 декабр ба 1 январ) таҷлил мешавад. Ин рӯзи байналмилалии сулҳ буда дар Камерун – Рӯзи истиқлолият ва дар Литва – Рӯзи парчам аст

Рӯзи 1 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1785 дар Бритониёи Кабир аввалин шумораи қадимтарин рӯзномаи лондонӣ "The Daily Universal Register" (соли 1788 ба "The Times" тағйири ном кард) нашр шуд.

Соли 1927 дар Массачусетс аввалин маротиба дар ҷаҳон суғуртаи ҳатмии автомобилҳо ба роҳ монда шуд.

Соли 1948 Конститутсияи Ҷумҳурии Италия ба ҳукми амал даромад.

© Sputnik / Олег Ласточкин / Гузариш ба медиабонкВид на Рим с купола собора св. Петра в Ватикане. Архивное фото
Аз таъсиси шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Гулчеҳра Сулаймонӣ: имрӯз дар таърих - Sputnik Тоҷикистон
Вид на Рим с купола собора св. Петра в Ватикане. Архивное фото

Соли 1950 Ҳизби халқии пешрафти Гаяна таъсис ёфт.

Соли 1956 Судон аз Миср ва Бритониёи Кабир мустақилият ба даст овард.

Соли 2017 ВАО хабар доданд, ки соли 2017 дар ҷаҳон ҳамагӣ 9 ҳодисаи садамаи ҳавопаймоҳо ба қайд гирифта шудааст. Ин аз ҳама нишондиҳандаи ками садамаҳои ҳавопаймоӣ дар таърих маънидод гардид.

Рӯзи 1 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1933 дар Тоҷикистон китобхонаи ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ таъсис ёфт.

© Sputnik / Макс Альперт / Гузариш ба медиабонкТаджикская ССР. Депутат Душанбинского городского совета Майя Садыкова-Хаджибекова в читальном зале Государственной библиотеки Таджикской ССР имени Фирдоуси.
Аз таъсиси шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Гулчеҳра Сулаймонӣ: имрӯз дар таърих - Sputnik Тоҷикистон
Таджикская ССР. Депутат Душанбинского городского совета Майя Садыкова-Хаджибекова в читальном зале Государственной библиотеки Таджикской ССР имени Фирдоуси.

Соли 1934 таъсис шаҳри Кӯлоб.

© Sputnik / Амир ИсаевВорота на въезде в Куляб
Аз таъсиси шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Гулчеҳра Сулаймонӣ: имрӯз дар таърих - Sputnik Тоҷикистон
Ворота на въезде в Куляб

Соли 1960 нахустин саҳифаи рӯзномаи "Қаротегини Советӣ" ба нашр расид.

Соли 1991 рӯзномаи апрлумонии "Садои мардум" таъсис шуд.

День 28 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Аз таъсиси Филармонияи давлатӣ то Рӯзи кормандони амният: имрӯз дар таърих

Соли 2011 Кодекси оилаи Тоҷикистон ислоҳ карда шуд, ки мувофиқи он синни никоҳии духтарон аз 17 ба 18 боло бурда шуд.

Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Афғонистон Ҳомид Карзай телефонӣ суҳбат кард. Роҳбарони ду давлат дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон ба раиси вақти Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба Раул Кастро Рус ба муносибати таҷлили Иди миллии Ҷумҳурии Куба барқияи табрикӣ фиристод.

Соли 2018 унвони "Омӯзгори соли Тоҷикистон" насиби Раъно Икромова гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 1 январ

  • Ҷашни пуршукӯҳ ва рангоранг — Соли нав дар бештари давлатҳои чаҳон (шаби 31 декабр ба  1 январ).
  • Рӯзи байналмилалии сулҳ.
  • Дар Камерун – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Литва – Рӯзи парчам.

Рӯзи 1 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1431 — Родриго Бордҷиа, падари Александри VI.

Соли 1449 — Лорентсо де Медичи, раҳбари Флоренсия, саробони адабиётчиён ва рассомон.

Соли 1919 — Ҷером Дэвид Сэлинҷер, нависандаи амрикоӣ.

Соли 1919 — Даниил Гранин, нависандаи рус, қаҳрамони меҳнат.

Соли 1947 — Владимир Титов, кайҳонаварди советӣ, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.

Соли 1948 — Павел Грачев, генерали артиш, вазири дифоъи Русия дар солҳои  1992—1996, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.

Рӯзи 1 январ дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1920 — Шамсӣ Қиёмов драматург, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистони Шӯравӣ.

Соли 1985 — Баҳром Сирус, шоир, доктори илмҳои филологӣ, корманди шоистаи илми Тоҷикистони Шӯравӣ.

Соли 1928 — Гулчеҳра Сулаймонӣ, шоираи тоҷику советӣ, узви нависандагони ИҶШС, шоири мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Лентаи хабарҳо
0