08:07 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
264 0 0

Рӯзи дуюми январ дар ИМА — Рӯзи миллии мӯъҷизаҳои илмӣ мебошад. Соли 1925 дар ҳамин рӯз дар ҳайати Тоҷикистони Шӯравӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд

Рӯзи 2 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1921 Ҳизби коммунистии Люксембург таъсис ёфт.

Соли 1968 дар Африқои Ҷанубӣ дуюмин маротиба дар ҷаҳон ҷарроҳии аз як нафар ба нафари дигар гузаронидани дил сурат гирифт.

День 30 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1959 аввалин стансияи автоматӣ- байнисайёравии "Луна-1" ба кайҳон бароварда шуд.

Соли 1961 ИМА муносиботи дипломатияшро бо Куба бекор кард.

Соли 1988 ИМА ва Канада дар бораи савдои озод байни ҳам шартнома ба имзо расониданд.

Соли 1992 Қазоқистон ба ҳайати Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Урупо шомил шуд.

Рӯзи 2 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1925 дар ҳайати Тоҷикистони Шӯравӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.

Областная больница в городе Хорог Таджикской ССР.
© Sputnik / Р. Нетелев
Областная больница в городе Хорог Таджикской ССР.

Соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи назорати содирот" ва "Дар бораи хизмати дипломатӣ"-ро имзо кард.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сафар кард.

Соли 2018 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири нав қабул гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 2 январ

  • Дар ИМА — Рӯзи миллии мӯъҷизаҳои илмӣ

Рӯзи 2 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1834 — Василий Перов, рассоми рус

Соли 1880 — Василий Дегтярев, ихтироъкори силоҳи оташфишонӣ.

Соли 1920 — Айзек Азимов, навсиандаи амрикоӣ.

Соли 1953 — Виталий Третяков, рӯзноманигори рус, сиёсатшинос ва муҷрии телевизион.

Соли 1963 — Сергей Жигунов, продюсер ва ҳунарманди синамо, ҳунарманди шоистаи Русия.

Соли 1969 — Кристи Тарлингтон, супермудели амрикоӣ.

Соли 1975 — Яна Рудковская, продюсер ва мусиқачии русиягӣ.

Соли 1983 — Кейт Босуорт, ҳунарманди амрикоӣ ва мудел.

Соли 1993 — Аглая Шиловская, сароянда ва ҳунарманди русиягӣ.

Аглая Шиловская на съемочной площадке фильма Сердца четырех
© Sputnik / Владимир Федоренко
Аглая Шиловская в фильме "Сердца четырех" режиссера Станислава Говорухина

Рӯзи 2 январ дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1920 — Маҳмадулло Холов корманди давлатӣ, раиси Президиуми Совети Олии РСС Точикистон аз соли 1963 то 1984.

Соли 1940 — Сталина Азаматова, ҳунарманди балет, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, балетмейстри Театри опера ва балети Тоҷикистон.

Народная артистка Таджикистана, балерина и актриса Сталина Азаматова
"Белый рояль" / Таджикфильм (1968)
Народная артистка Таджикистана, балерина и актриса Сталина Азаматова

Соли 1942 — Нуқра Раҳматова, сароянда, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон.

Нукра Рахматова. Архивное фото
Предоставлено Нукрой Рахматовой
Нукра Рахматова. Архивное фото

Соли 1946 — Доро Наҷот, шоир. 

Соли 1950 — Халифабобо Ҳамидов, олим ва ҳуқуқшинос.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 15 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 14 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ