06:16 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
331 0 0

Бар асоси тавофуқи Амрико бо гурӯҳи Толибон қарор аст ҳамаи низомиёни хориҷӣ то моҳи апрели соли равон аз Афғонистон хориҷ шаванд

ДУШАНБЕ, 05 янв — Sputnik. Низомиёни амрикоӣ бузургтарин пойгоҳи худро дар вилояти Лугар, дар ҷануби Кобул тарк карданд, хабар медиҳад Парс тудей.

Ба иттилои манбаъ, нерӯҳои амрикоӣ пойгоҳи "Фоб Шанк" (Fob Shank) -ро ки бузургтарин пойгоҳи артиши Амрико дар ин вилоят аст, тарк кардаанд ва ин пойгоҳ дар ихтиёри нерӯҳои давлатии Афғонистон қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи мақомҳои низомӣ дар Лугар, то пеш аз тавофуқи Амрико ва Толибон ҳудуди 600 тан аз нерӯҳои вижаи амрикоӣ дар пойгоҳи "Фоб Шанк" ҳузур доштанд, аммо акнун ин шумор ба 300 тан коҳиш ёфт.

Бар асоси тавофуқи Амрико бо гурӯҳи Толибон қарор аст ҳамаи низомиёни хориҷӣ то моҳи апрели соли равон аз Афғонистон хориҷ шаванд.

Ин пойгоҳ, ки дар солҳои ахир то18 ҳазор сарбози хориҷиро ҳам дар худ ҷой дода буд, афзун бар дигар имконот, як фурӯдгоҳ ҳам дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ