02:53 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
831 0 0

Постгоҳи Саразм - Ҷартеппа, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ахиран боз карда шуд, танҳо барои интиқоли молу маҳсулот ба назар гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Миёни шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ва Ургути Ӯзбекистон як постгоҳи назоратӣ кушода шуд, хабар медиҳад идораи Кумитаи гумруки давлатӣ дар шаҳри Самарқанд.

Ба иттилои манбаъ, постгоҳи мазкур барои содироту воридоти молу маҳсулот боз шудааст.

Ба ҳамин минвол, минбаъд тоҷирони тоҷику ӯзбек барои содироту воридоти молу маҳсулот метавонанд роҳат аз ин постгоҳ истифода баранд.

Зикр шуд, ки равуои шаҳрвандон тариқи ин постгоҳи назоратӣ дар сарҳад алҳол барқарор нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба пандемияи коронавирус гузаргоҳи Саразм-Ҷартеппа моҳи марти соли гузашта пурра баста шуд.

Аз ҳамон замон қариб ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон баста шуданд - аз 17 гузаргоҳ танҳо сетоаш - Турсунзода-Сариосиё, Мастчоҳ-Ойбек ва Спитамен-Плотина фаъолият карда, тариқи онҳо молу маҳсулоти байнулмиллӣ интиқол меёфт.

Баҳси марзӣ: вокуниши Тоҷикистон ба Қирғизистон аз сохтмони постгоҳ дар роҳи Исфара-Ворух

Аз 1 октябр Ӯзбекистон сарҳадҳояш, аз ҷумла марзҳои заминияшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои муайян боз кард.

Барчаспҳо:
ифтитоҳи постгоҳи нав, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ