14:45 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
110 0 0

Рӯзи ёздаҳуми январ Рӯзи байналмилалии ташаккур буда, дар Албания- Рӯзи ҷумҳурӣ ва дар Русия Рӯзи мамнӯъгоҳ ва боғҳои миллӣ мебошад

Рӯзи 11 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1952 Комиссияи СММ оид ба бесилоҳ кардан таъсис дода шуд.

Соли 1959 дар Ветнами Ҷанубӣ бисёрникоҳӣ манъ карда шуд.

Соли 1982 дар Брюссел ҷаласаи махсуси Шӯрои Паймони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ бахшида ба муҳокимаи "Вазъ дар Полша" баргузор гардид.

Соли 1989 намояндагони 149 давлати дунё зери баёния дар бораи манъи истифодаи газҳои заҳролуд ва яроқи биологию химиявӣ имзо гузоштанд.

Соли 1913 дар Ню-Йорк аввалин автомобили тамғаи седан дар ҷаҳон намоиш дода шуд.

Автомобиль Chevrolet Malibu
© Фото : Сhevrolet
Автомобиль Chevrolet Malibu

Рӯзи 11 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи Созишнома миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон дар бораи омода кардани лоиҳаи сохтмони хати интиқоли барқи CASA-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии Осиёи Марказиро баррасӣ намуд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе консерти мусиқии муосири асбобҳои мусиқавии маъмулии ҷопонии кото ва сямисен баргузор гардид.

Соли 2018 дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин "Маркази иттилоотии сайёҳӣ" ифтитоҳ ёфт.

Соли 2018 олимони тоҷик навъи нави картошкаро коркард карданд.

Соли 2018 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА  олими ҷавони тоҷик Халил Каримов сазовори Ҷоизаи ба номи Питер Каптстик гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 11 январ

  • Рӯзи байналмилалии ташаккур.
  • Дар Албания- Рӯзи ҷумҳурӣ.
  • Дар Русия – Рӯзи мамнӯъгоҳ ва боғҳои миллӣ.

Рӯзи 11 январ кӣ ба дунё омадааст

Мухтор Бобоев (1916 – 1993) – актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Юлий Дегтярев (1929) – доктори илми тиб, профессор.

Абдулло Исмоилов (1923)- арбоби давлатию фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Кароматуллои Аҳмад (1949)- публисист.

Наврўзшо Қурбонҳусейнов (1911 - 1993) – Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Сергей Машковсев (1888 – 1949) – доктори илми геологӣ, профессор.

Валентин Морозов (1929) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Ваҳҳоб Набиев (1952) – доктори илми таърих, профессор.

Саидмирзо Нарзиев (1950) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Тўҳфамоҳ Низомова (1949) – доктори илми иқтисод.

Алидод Расулов (1977) – доктори илми филологӣ.

Павлина Сатская (1927) – педагог, профессор.

Ҷамолиддин Тағоев (1947 – 2003) – доктори илми фалсафа, профессор.

Сафар Ҳақдоди (1967)- шоир.

Малика Ҷўрабекова (1945) – санъатшинос, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Муқим Ҷўраев (1932)- сароянда.

Мавзуъ

Ҷашнҳои рӯзи 30 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Аз баҳси барқрасонӣ то омодагӣ ба ҷашнҳои бузурги соли 2021 дар ҷаласаи Ҳукумат
Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн

Мавзӯъҳои асосӣ