03:47 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
70 0 0

Ду километр соҳили Сирдарё, аз ҷумла минтақаи обутобҷои соҳили чапи дарёи Сирро аз партовҳо тоза карда шуд

ДУШАНБЕ, 14 январ - Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд бо иқдоми мақомоти ҳифзи муҳити зист амалиёти "Тозагии соҳил" гузаронида шуд.

Бино ба гузориши мақомоти шаҳри Хуҷанд, дар он доираи васеи омӯзгорону хонандагони Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд" фаъолона иштирок карда, дар натиҷа 2 километр соҳили Сирдарё, аз ҷумла минтақаи обутобҷои соҳили чапи дарёи Сирро аз партовҳо тоза намуданд.

"Дар амалиёти "Тозагии соҳил" 250 нафар иштирок намуда, аз ҷониби Муассисаи махсуси нақлиётии партовкашонии шаҳри Хуҷанд дар маҷмӯъ 6 метри мукааб ахлоту хокрӯба ба партовгоҳ бароварда шуд", - омадааст дар хабарнома.

Дар минтақаи обутобҷои соҳили чапи Сирдарё, новобаста аз фаслҳои сол сокинон пайваста ба машқҳои варзишии пагоҳирӯзӣ машғул мешаванд.

Аз ин рӯ мунтазам тоза нигоҳ доштани ин минтақа, ки ба саломатии инсон вобастагӣ дорад, мувофиқи мақсад мебошад, зеро тозагӣ гарави саломатист.

Бӯи ғализ дар Хуҷанд аз куҷо паҳн мешавад? поруи мурғхонаҳо, партов ё...

Манбаъ афзуда, ки иқдоми мазкур ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади  пешгирии ифлосшавии соҳилҳои дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд роҳандозӣ гардид.

Барчаспҳо:
Сирдарё, партов, поксозӣ, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ