Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 17 января
День 17 января - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳабдаҳуми январ дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ихтирооти кӯдакон мебошад. Дар ин рӯз сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Аҳмад Бобоқулов ба дунё омадааст

Рӯзи 17 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1920 дар Русияи Шӯравӣ расман ҳукми қатл бекор карда шуд.

Соли 1950 Ҳизби коммунистии Боливия таъсис дода шуд.

Соли 1995 дар шаҳри Кобеи Ҷопон дар пайи зилзилаи шадид зиёда аз 6 ҳазору 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 17 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 сомонаи интернетии Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон  фаъол гардид.

Соли 2012 дар Тоҷикистон Маркази коркарди миллӣ кушода шуд.

День 15 января - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи неругоҳ дар Хоруғ ва кӯч додани оилаҳо аз Бадахшон ба Хатлон: имрӯзи таърих

Соли 2017 дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд филиали КВД "Коргоҳи протезӣ ва ортопедӣ" ифтитоҳ гардид.

Соли 2014  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон ба имзо расониданд.

Соли 2018 дар шаҳри Маскав аввалин бор дар ин сол ҷаласаи Камиссияи ҳамкории иқтисодии Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардид. Ҷаласаи мазкурро намояндаи ваколатдори Тоҷикистон дар Комиссия, Сафири Тоҷикистон дар  Русия Имомуддин Сатторӣ роҳбарӣ намуд.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба низоми сарҳади давлатии Тоҷикистону Чинро тасдиқ карданд.

Соли 2015 дастаи ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21), бо роҳбарии сармураббӣ Алишер Тӯхтаев дар доираи мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми Иттиҳод", ки аз 16 то 26 январ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, бо дастаи Қазоқистон вохӯрӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 17 январ

  • Рӯзи байналмилалии ихтирооти кӯдакон.

Рӯзи 17 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1893 – Шоира Розия Озод, модари академик Бобоҷон Ғафуров.

Соли 1893 –яке аз муборизон дар роҳи таъсис додани ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон Борис Вячеславович Толпиго.

Соли 1927 – Сарояндаи опера, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Аҳмад Бобоқулов таваллуд шудааст.

Соли 1950 – Давлатов Матлубхон Султонович, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0