12:10 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
147 0 0

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон эълон намудааст, ки дар 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати меҳнати Тоҷикистон бо мақсади бо ҷойи кори муносиб таъмин намудани аҳолӣ дар 15 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро ташкил менамояд.

Гуфта шудааст, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар доираи нақша – чорабиниҳои Раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят, роҳандозӣ карда мешавад.

“Ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ роҳандозӣ гардида, аз оғоз то охири ҳафтаи равон чорабинии мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома меёбад”, - қайд кардааст манбаъ.

Манбаъ зикр кардааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Ҳамадонӣ, Балҷувон санаи 19 январи соли 2021 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, дар шаҳру ноҳияҳои Дустӣ, Ҷайҳун, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин санаи 20 январи соли 2021 роҳандозӣ карда мешавад.

Гуфта шудааст, ки санаи 21 январи соли 2021 ярмарка дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Данғара идома ёфта, дар шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод ва Бохтар чорабинии мазкур санаи 22 январи соли 2021 ташкил ва баргузор мегардад.

Дар ҳзамин ҳол, Вазорати меҳнат, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар виляоти Хатлон аз шаҳрвандон даъват карданд, ки барои дарёфти ҷойи кор ва ё барои касбомӯзӣ роҳхат гирифтан, метавонанд дар ин ярмаркаҳо иштирок намоянд.

Барчаспҳо:
эълони ҷои кор, ҷои кор, ярмарка, вазорати меҳнати Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ