“Таппакбизнес”: бозори экзотикии маводи сӯхти “аз лиҳози экологӣ тоза” дар Тоҷикистон

© Sputnik Навоз в кузове автомобиля
Навоз в кузове автомобиля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таппак, ғӯзапоя, ҳезум, ангишт, газ... Бозори аҷибу ғариби сӯзишворӣ дар Тоҷикистон муҳтавояшро ғанӣ мекунад, вақте таъмини аҳолӣ бо барқ ба мушкил мувоҷеҳ мешавад ва зарур меояд, ки ба ҳар қимате набошад, ба оташу гармӣ даст ёфт

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. 5 январ, вақте ширкати “Барқи тоҷик” маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ барои аҳолиро эълон кард, дар бозорҳои кишвар якбора қимати маводи сӯхт боло рафт. Дар баробари ангишту газ, ки аз сӯи корхонаҳои саноатӣ тавлид ва ё аз сӯи ширкатҳо аз хориҷ ворид мешаванд, бозори таппаки чорводорону ҳезуми ҳезумкашон ва ғӯзапояи деҳқонони пахтакор низ гарм шуд.

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон аз гӯшаву канори Тоҷикистон тасвири ҷолибе аз ин бозори аҷибу ғариб ба даст медиҳанд, ки зоҳиран сол то сол ҷолибу ҷаззоб мешавад, аммо дар ягон омору ҳисоботи расмӣ таърифе аз он вуҷуд надорад ва як тиҷорати ҳамоно ношинохта барои иқтисод боқӣ мемонад.

Аз оғил ба бозор

Таппак, ки аз поруву саргини гову гӯсфанд ва бузи хонагӣ ҳосил мешавад, як сӯзишвории анъанавӣ дар Тоҷикистон аст, ки маъмулан хоси деҳот аст, аммо барои шаҳрҳо низ бегона нест. Ҳеҷ кас қадомати ин маводи сӯхтро намедонад.

Кошка сидит на дровах  - Sputnik Тоҷикистон
Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд

Маъмулан таппакро дар шакли саргин фасли тобистон аз дашту саҳро ҷамъ оварда, захира ва дар фасли зимистон барои гармӣ ва пухтупази хонавода истифода мекунанд. Аммо афроде, ки дар хона чорво доранд, онро фасли сармо дар шакли тар ҷамъ оварда, дар фасли гармо хушк ва дар таппакдонҳо захира мекунанд.

Дар қиёс бо ҳезум, ки аз он дар осори таърихиву адабии асрҳои пешин ёд мешавад ва манбаъи даромади фақиронаи тоифаи ҳезумкаш дар бозорҳо буд, зоҳиран, таппак тайи сӣ соли ахир ба моли тиҷорат табдил ёфтааст.

Акбархӯҷа, як тоҷир дар чорроҳаи Ороми канори Хуҷанд, ки аз навоҳии атрофи шаҳр таппаку ҳезум ва ғӯзапоя меорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯ маъмулан моли тиҷорати худро тобистон ва аввали тирамоҳ захира мекунад.

“Кам касе ба ин бозор таваҷҷӯҳ дошт. Баъзеҳо ор мекунанд. Аммо шахсан чанд сол аст, ки бо ин кор машғулам. Аввалҳо барои ошхонаҳои шаҳр ҳезум таҳия мекардам. Баъд дарёфтам, ки дар давраҳои бебарқӣ мардуми дигар ҳам дар ҷустуҷӯи ҳезуму таппак мешаванд. Бале, ин тиҷорати ҳамешагӣ нест, мавсимаш асосан ду-се моҳ тӯл мекашад, аммо бедаромад нест”, - гуфт ӯ.

Акбархӯҷа ва дигар ҳамсӯҳбатони мо аз Рашту Хатлон ва Душанбе дар бораи таппак ҷузъиёти ҷолибе ба даст медиҳанд. Ба қавли онҳо, агар дар оғоз як навъи оддии таппак дар як кунҷи бозорҳо савдо мешуд, ҳоло чандин намуди он ва дар як гӯшаи махсус дар қатори ангишту ҳезум харидуфурӯш мешавад.

Угольное месторождение в Зиддах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Суғд: нархи ангишт боло рафт

Аз навъҳои таппак чалма ё сангтаппак (ки дар оғил саргини ҳайвонро сум зада, баъд дар шакли чоркунҷа бо каланд ё бел мекананд), кулӯлатаппак, тағора ё сатилтаппак (ки дар қолаби тағора ё сатил сохта мешавад), кумуртаппак (омехтаи ангишту саргин), таппаки заминӣ, ҳатто деворӣ ва ғайра низ бо шаклу намуди хос дар бозорҳо ироаи муштариён мешаванд, ки гоҳо донабайъ ва гоҳо бо мошин яклӯхт ба фурӯш мерасанд.

Акбархӯҷа мегӯяд, таппакро на фақат мардуми камдаромади деҳотӣ, балки сарватмандони шаҳрӣ низ харидорӣ мекунанд.

“Ба қавли маъмул, ин сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тоза ва ба саломатӣ, бахусус пойҳои инсон, фоидаовар аст. Агар қӯри онро ба сандалӣ гирифта, пойҳоятонро дарун кунед, бубинед, ки чӣ роҳате дорад. Тарбоду дардро мерабояд. Таппаки гӯсфанд мисли ангишт метавонад сари касро гирад ва дилбеҳузур кунад, аммо монанди ангишт кушанда нест. Таппаки буз хеле камёфт аст. Таппаки гов бисёр ва бозоргир аст”, - гуфт ӯ.

Соли равон нархи як дона таппак вобаста ба навъаш аз 25 ё 50 дирам ба 1 то 1,5 сомонӣ ва як мошинаш аз 400 ба 800 сомонӣ боло рафт, ки ба қавли огаҳони ин бозор, дар гузашта собиқа надошт ва ҳам далолат бар қавӣ гаштани мавқеи ин маводи сӯхт дар бозор мекунад.

Кундаи муфиди бобоӣ

Ҳезум аз қадим ва то он замон, ки нафту газ ва ангишт дар зиндагии мардуми ҷаҳон пайдо нашуданд, беҳтарин ва маъмултарин маводи сӯхт буд. Он чӣ ҳезумро аз таппак фарқ мекунонанд, оташбардории он ва он чӣ умумияташон медиҳад, ба истилоҳ, аз лиҳози экологӣ тоза ва барои сиҳатӣ муфид будани онҳо аст.

Абдураҳим, як фурӯшандаи дигар аст, ки бозори шаҳри Ваҳдат ва ҳам бозорчаи дуроҳаи Қарағочи канори шаҳри Душанберо бо таппаку ҳезум таъмин мекунад. Тиҷорати вай таъмин намудани як қатор ошхонаҳои Ваҳдату Душанбе бо ҳезум аст, аммо вақти фаромадани сардӣ захираҳои молашро ба бозорҳо низ ироа мекунад. Вай ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, маъмулан ҳезуми дарахтони пири зардолу, себ, олуча ва тут муштариёни зиёд доранд.

Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қадами "лимит" ба Мурғоб низ, ки 30 дараҷа сард аст, расидааст

“Ҳезуме, ки аз дарахти мева ҳосил мешавад, агарчи сахтшикан аст, кам дуд мекунад, дер месӯзад ва ҳам фоида дорад. Асосан афроди сарватманд ё миёнаҳол онро супориш медиҳанд. Ин анвои ҳезум аз боғҳои куҳна ба даст меоянд. Вақте дарахтон ё шохаашон хушк мешаванд, онҳоро мебуранду ҳезум мекунанд”, - гуфт Абдураҳим.

Ба қавли ӯ, ҳезум дар шакли кунда ва ё бастаи шохчаҳо фурӯхта мешавад, масалан, имсол як метр кунда аз 50 сомонии тирамоҳ ба 90 сомонӣ дар вақти сармо боло рафт ва ҳамин тавр, нархи як дарзаи шохчаҳо ё ҳезуми резашуда аз 3,5 ба 6 сомонӣ афзуд.

Дар умум, дар саросари Тоҷикистон имрӯзҳо як мошини ҳезум вобаста ба гунҷоишаш аз 800 то як ҳазор сомонӣ, ҳатто бештар аз ин арзиш дорад, ки ба қавли тоҷирон, барои як зимистон, бо иттифоқи истифода аз барқу ангишт, кифоят мекунад.

Пешдаргирон

Ғӯзапоя, боқимондаи заминҳои пахтаи манотиқи пахтакори Тоҷикистон аст, ки аз оғози пайдоиши ин рустанӣ дар кишоварзии Тоҷикистону минтақа, ба масобаи маводи сӯхт истифода шудааст.

Сангалӣ, як фурӯшандаи ғӯзапоя дар шаҳри Бохтар мегӯяд, афроде, ки замини пахта доранд ва ғӯзапоя ба даст меоранд, зиёдатии онро мефурӯшанд. Ба қавли ӯ, ғӯзапояро асосан барои пешдаргирон истифода мекунанд, зеро ҳамон тавре ки зуд месӯзаду зуд хонаро гарм мекунад, ҳамон гуна зуд тамом мешавад.

© Sputnik Сухие стебли хлопчатника
“Таппакбизнес”: бозори экзотикии маводи сӯхти “аз лиҳози экологӣ тоза” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Сухие стебли хлопчатника

“Агар ниҳолаш ғафс бошад, каме медорад, дар акси ҳол, зуд сӯхта тамом ва хона ҳам зуд сард мешавад. Аз ин хотир, мардум дар баробари он ангишту ҳезумро низ захира мекунанд, то гармии хонаро муътадил нигоҳ доранд”, - гуфт Сангалӣ.

Ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, як дарзаи ғӯзапоя дар гӯшаву канори Тоҷикистон аз 3 то 5 сомонӣ савдо мешавад ва як мошинаш аз 400 то 700 сомонӣ.

Фақат ангишт

Ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, дар бозорҳои Хоруғ, маркази вилоят, ғӯзапоя аслан вуҷуд надорад ва таппаку ҳезум низ хеле ба нудрат пайдо мешавад.

Визит Министра промышленности и новых технологий Республики Таджикистан на предприятия угольной промышленности Айнинского района Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар 9 моҳ 1,5 миллион ангишт истихроҷ кард

Аслишоҳ, як сокини шаҳри Хоруғ, мегӯяд, дар Бадахшон чорвои хонагӣ, бавижа гову гӯсфанд, кам аст ва агар сокинон таппак ҳам кунанд, аз эҳтиёҷоти худашон зиёдатӣ намекунад.

“Азбаски замини кишоварзӣ кам аст, боғот низ кам ҳастанд ва ҳезумеро, ки ба даст меояд, худи хонаводаҳо масраф мекунанд. Аммо барои сардиҳое, ки дар Бадахшон ҳукм меронанд, чораи асосӣ ангишт аст, ки аз берун ворид мешавад”, - гуфт Аслишоҳ.

Дар Бадахшон ангишти серхаридор аз водии Олойи Қирғизистон ва кони Назар Айлоқи Рашт ворид мешавад, ки килои он аз 1,8 то 2, 20 дирам арзиш дорад. Дар қисматҳои дигари Тоҷикистон низ бар иловаи ангишти қирғизӣ, ангишти конҳои ноҳияи Айнӣ низ ба бозорҳо ироа мешавад ва қиматашон аз 1,8 то 2,5 сомонӣ сари кило аст.

Сӯзишвории дигаре, ки дар сардиҳо деги мардумро меҷӯшонад, гази моеъ аст. Онро дар баллонҳои хурди сохти Эрону Чин харидорӣ намуда, барои хонавода хӯрок омода мекунанд.

© Sputnik Мешки угля
“Таппакбизнес”: бозори экзотикии маводи сӯхти “аз лиҳози экологӣ тоза” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Мешки угля

Таҷрибаи бо газ гарм кардани хонаҳо, ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, натиҷаи мусбат надодааст, зеро ин маводи сӯхт ҳавои хонаро вайрон мекунад ва ба сиҳатии мардум зиёновар аст.

Дар гузашта ин маворид, ки афрод аз дуди ангишт ва таркиши баллонҳои газ ба ҳалокат расидаанд, гузориш шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0