19:21 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
681801

РВКД Душанбе навори занозании шаш зани ҷавони аз 19 то 25-соларо дар клуби шабонаи "Аура" нашр кардааст. Онҳо ба ҳамдигар танҳо барои онки нафареашон вақти рақс бо китф ба дигаре расидааст, дарафтодаанд. РВКД мегӯяд, ин қабил номи занро доғдор мекунанд

ДУШАНБЕ, 23 янв— Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти шаш зани ҷавон ба иттиҳоми авбошӣ гузориш медиҳад.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, ин занони ҷавон, ки ҳамагӣ аз 19 то 25-сола будаанд, дар пайи занозанӣ дар клуби шабонаи "Аура" дастгир шудаанд.

Гуфта мешавад, бо сабаби ночиз ба ҳамдигар дарафтодаву тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.

Ҳамин тавр, тавре РВКД менависад, "ду гурӯҳ ҷавонзанон аз ду ҷониб, бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд".

"Сабаби муноқишаи мазкур “расидани китфи яке ба китфи дигаре дар вақти рақс ва ба ин тартиб халал расонидан ба истироҳати ҳамдигарӣ” унвон гардидааст. Дар ин замина номбурдагон ба ҳамдигар дарафтода, бо мушту пой ва зарфҳои шишагин якдигарро латукӯб намудаанд", - омадааст дар гузориш.

Афзун бар ин, онҳо ба эроди атрофиён аҳамият надода, тартиботро дар мавзеи ҷамъиятӣ ба таври дағалона ва ба муддати тулонӣ вайрон кардаанд.

Нисбати ҳамаи боздоштшудагон тибқи талаботи моддаи 237 қисмҳои 2 ва 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Навор ва аксҳои ин гурӯҳи боздоштшударо РВКД нашр кардааст.

Ёдрас мешавем, қисмҳои 2 ва 3-и моддаи 237 (авбошӣ) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ