Аз зодрӯзи Фаррух Ҳамралиеву Субҳон Ибодов то Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат: имрӯзи таърих

© © Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария ВишняковаДень 25 января
День 25 января - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи биступанҷуми январ дар Тоҷикистон аз Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 25 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1908 дар Боку аввалин маротиба намоиши операи "Лайлӣ ва Маҷнун" барпо гардид.

Соли 1924 дар шаҳри Шамони Фаронса маросими кушодашавии аввалин Бозиҳои  олимпии зимистона баргузор гардид.

Соли 1949 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории телевизиони амрикоии "Эмми" гузаронида шуд.

Соли 2016 дар Амстердам Маркази Урупо оид ба мубориза бо терроризм ифтитоҳ гардид.

 

Рӯзи 25 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2001 Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Тоҷикистон таъсис дода шуд.

День 23 января - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати 300 кас дар паи заминларзаи шадид дар Тоҷикистон: имрӯзи таърих

Соли 2010 бо супориши Президент Эмомалӣ Раҳмон вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар кори Саммити минтақавии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба шаҳри Истанбули Туркия сафар кард.

Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таъсиси Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Фармон ба имзо расониданд.

Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаи мудҳиши террористӣ, ки бегоҳии 24 январ дар фурудгоҳи Домодедоваи шаҳри Москва рух дод, андӯҳгин гардида, аз дақиқаҳои аввал ҷараёни расондани кумакҳо ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорати пайваста қарор доданд.

Соли 2017 қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба имзо расид.

Соли 2017 Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як гурӯҳ фаъолони марказҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, 2 нафар тоҷиконро "барои саҳмгузорӣ дар таҳкими дӯстии байналмилалӣ ва ризоият дар ҷумҳурӣ" бо ордену медалҳо сарфароз гардонид.

Ҷашнҳои рӯзи 25 январ

  • Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Рӯзи 25 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1944 – доктори илмҳои физика- математика Субҳон Ибодов.

Соли 1966 – иқтисодчӣ Фаррух Ҳамралиев.

Лентаи хабарҳо
0