15:05 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
191 0 0

Ҳукумати вилояти Суғд аз дастрас кардани оби нӯшокӣ ба шаҳраки Шӯроб хабар дод, ки мушкили норасоии об дар ин шаҳр барҷаста аст

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik.  Корҳои сохтмонии хати оби тозаи нӯшокӣ барои сокинони шаҳраки ангиштканон - Шӯроб анҷом ёфтааст.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, қубурхонӣ дар масофаи 11,2 километр ва ҳам бунёди 2 ҳавзи обнигаҳдории ғунҷоиши ҳар яке 2000 метри мукааб асосан ба анҷом расида, об ба ҳавз ҷорӣ гардид. Ҳукумати Суғд таъкид кард, ки дар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон мушкили норасоии оби нӯшокии сокинони шаҳрак то ҷашни ҷаҳонии Наврӯз куллан ҳалли мусбии худро хоҳад ёфт.

Манбаъ афзуд, ки иншооти мазкур бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯи кор омада, аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 14 миллион сомонӣ ҷудо гардидаст.

Корҳои сохтмонию васлкуниро мутахассисон ҶДММ “Наврӯз - 2003” ба зимма дошта, дар асоси лоиҳа об аз дарёи Исфара, аз деҳаи Чорқишлоқ ба дарозии 11,2 километр тавассути қубурҳои баландфишор ба шаҳраки Шӯроб интиқол дода мешавад. Барои пурсамар фаъолият намудани иншоот агрегатҳои нав харидорӣ ва насбу васл карда шудаанд, таъкид кард манбаъ.

Манбаъ зикр кард, ки бо назардошти шаҳраки саноатӣ будани Шӯроб дар замони шӯравӣ миллату қавмҳои гуногун дар он маскун гардида, дар шаҳрак то 15 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Ҳоло бошад тибқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирии аҳолӣ наздики 3000 нафар умр ба сар мебаранд.

Ба иттилои котибот, роҳбарияти шаҳри Исфара айни замон ҳолати кунунии иншооти хусусикардашудаи шаҳракро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, ҳамзамон барои тармим ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, бунёди иншооти иҷтимоӣ, афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар ҷамъияти “Ангишт” якҷо бо идораю сохторҳои ҷумҳурӣ ва вилоятӣ чораҷӯӣ дорад.

Барчаспҳо:
об, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ