12:06 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (978)
183201

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба сокинони кишвар ҳушдор дод, ки ҳангоми таҷаммӯъ эҳтиёткор бошанд, то коронавирус дубора паҳн нагардад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паём аз нест шудани COVID-19 дар кишвар ёдрас шуд ва ҳушдор дод, ки сокинон ҳангоми дар як мавзеъ ҷамъ омадан, чораҳои беҳдоштиро қатъиян риоя кунанд.

Ӯ ёдрас шуд, ки ахиран дар кишвар масҷидҳо низ пас аз чанд моҳи масдуд будан, боз шуданд. 

Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон

Вай таъкид кард, ки намозгузорон қоидаҳои беҳдоштиро ҳатман риоя кунанд, дар акси ҳол, макони ибодатгузорӣ дубора баста мегардад.

"Бояд дар масҷидҳо эҳтиёт кард. Хусусан ҳангоми адои намози ҷумъа. Буданд ҳолатҳое, ки дар тӯйҳо ё ҷанозаҳо чандин нафарон аз коронавирус сироят меёфтанд", - таъкид кард раисҷумҳур.

Вай афзуд, "агар намозгузорон қоидаҳои беҳдоштро риоя накунанд, масҷид дубора баста мешавад".

Ёдовар мешавем, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар бораи бозкушоии масҷидҳо қарор қабул кард

Расман: рӯзи бозкушоии масҷидҳо дар Тоҷикистон эълон шуд

Ҳамин тариқ, бо қарори ситоди мазкур сар аз 1 феврал дар Тоҷикистон баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад.

Ситод ҳушдор дод, ки "дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад".

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (978)
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, боз, масҷид, президент

Мавзӯъҳои асосӣ