01:25 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
167610

Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба занони роҳрӯб, ки дар фасли сармо ва субҳи барвақт барои тамиз кардани роҳу хиёбонҳо ба кӯчаву роҳҳо мебароянд, ҷӯробҳои бадахшӣ ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Созмондиҳандагони гурӯҳи "НуриФирдавс", ки асосан иқдомҳои хайрхоҳонаро баргузор мекунанд, имрӯз дили чандин занони тамизкори ноҳияи Шоҳмансурро хурсанд карданд.

Зулӣ Раҳматова яке аз намояндагони ин гурӯҳ бо нашри навор дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, тӯҳфаи занони Бадахшонро ба роҳрӯбони пойтахт расонд.

Ӯ заҳмати тамизкорони пойтахтро махсусан қайд карда гуфт, ки бонувони Бадахшон барои дастгирӣ ва қадр намудани меҳнати ҳалол ва заҳматталаби онҳо маҳз ба хотири занони роҳрӯб ҷӯробҳои гармро бофта ирсол намудаанд.

Гулпарвари 19-сола ба "Харитаи зебоӣ" роҳ ёфт

Дар навор маълум аст, ки намояндаи гурӯҳи "НуриФирдавс" тамизкорони ноҳияи Фирдавсиро ҷамъ оварда, нахуст барои заҳмати онҳо дар тозаю обод нигоҳ доштани шаҳри Душанбе, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар худраве, ки зоҳиран ба намояндагони гурӯҳи мазкур тааллуқ дорад, чандин баста ҷӯробҳои помирӣ гиреҳ карда шуданд. Пас аз изҳори ташаккур ба занони роҳрӯб, ба ҳар яки онҳо як ҷуфтӣ ҷорӯбҳои пурнақшу нигорӣ помирӣ тӯҳфа карда шуд.

Зимистони имсолаи Тоҷикистон ба фарқ аз солҳои пеш душвортару сармотар буд. Сармои зимистон асосан заҳмати роҳрубҳо, бахусус занони тамизкорро дучанд кард.

Ҳафтаи гузашта, ки дамои ҳаво дар Тоҷикистон бесобиқа сард буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳо аз заҳмати занони роҳрӯб чарх мезад.

Тамизкорони ҷинси латиф новобаста аз сардии ҳаво, аз соати 3 - и шаб ба хиёбонҳо баромада, кӯчаву тангкӯчаҳои пойтахтро тоза мекарданд.

Ҷазои ронандаи “Мерседес” барои дашноми зани кӯчарӯб дар Душанбе

Зимнан, дар зери аксу наворҳои мазкур, корбарон аз тамоми шаҳрвандони кишвар даъват мекарданд, ки ба қадри занони кӯчарӯб бирасанд ва ба хотири меҳнати вазнини онҳо, роҳу кӯчаҳоро ифлос накунанд.

Барчаспҳо:
навор, тӯҳфа, кӯчарӯбон, ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ