11:12 27 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
382 0 0

Новобаста ба он ки коронавирус тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, вале ҳамоно ҳастанд нафароне, ки мубталои ин марзӣ нашуданд

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Сафи нафароне, ки дар замони пандемия ба маризии коронаиврус гирифтор нашуданд, кам нест. Аҷиб ин аст, ки мудоме ин маризӣ сироятӣ аст, чаро нафароне ҳастанд, ки гирифтори он нашуданд.

Дар робита ба эмин мондани аксар одамон аз бемории сироятии коронавирус, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи РУДН Сергей Вознесенский ба РИА Новости чунин шарҳ дод.

"Се сабаби асосӣ мавҷуданд, вале омили асосӣ ин хотираи ҳуҷайравӣ ва масунияти маҳаллӣ мебошад", - тазвеҳ додааст Вознесенский.

Ӯ мегӯяд, агар шахс қаблан ба ягон намуди коронавирус дучор шуда бошад, хавфи сироятёбӣ бо SARS-CoV-2 камтар аст.

Ин тавр ҳам мешавад, ки каме пеш аз дучор шудан ба коронавирус одам кадом як сирояти вирусии дигарро аз сар гузаронидааст ва интерферонҳо дар бадани ӯ зиёдтар шудаанд.

"Агар онҳо бисёр зиёд бошанд, таъсирпазирӣ нисбат ба уфунатҳои вирусӣ коҳиш меёбад", - афзудааст Вознесенский.

Мутахассиси рус мегӯяд, дақиқан гуфтани ин ки бо кадом сабаб одамон нисбат ба SARS-CoV-2 таъсирнопазир мебошанд, ҳоло ғайриимкон аст.

Қаблан  Иммунолог - аллергологи рус Владимир Болибок изҳор намуда буд, ки нафарони мубталои коронаиврус дар кам андар кам ҳолат дубора гирифтори ин вирус мешаванд.

"Нафароне дубора мубталои коронавирус мешаванд, агар маризи бемориҳои вазнин, аз ҷумла саратон бошанд. Ин гуна беморӣ масунияти одамонро коҳиш медиҳад. Вале сафи чунин ҳолатҳо қатрае аз баҳр аст", - шарҳ дода буд мутахассис.

Ба гуфтаи ӯ, аксари одамоне, ки аллакай маризии коронавирусро паси сар карданд, дорои масунияти тӯлонӣ мешаванд.

Барчаспҳо:
гирифторон, одамон, беморӣ

Мавзӯъҳои асосӣ