15:08 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
246 0 0

Таҳлилҳо дар самти ситонидани маблағи алимент собит намуданд, ки 11 330 истеҳсолоти иҷро дар давраи ҳисоботӣ ворид гардидаанд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои саркашӣ аз пардохти алимент ҳудуди 250 парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода хабар дод.

Алимент насупорӣ ҳабс мешавӣ: дар Суғд ба 46 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин шуд

Ба гуфтаи вай, соли 2020 ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ бинобар бадқасдона саркашӣ  намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура нисбат ба 243 нафар қарздорон тибқи талаботи моддаи 177 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ  оғоз карда шудаанд.

"Таҳлилҳо дар самти ситонидани маблағи алимент собит намуданд,  ки аз 11 330 истеҳсолоти иҷро, ки дар давраи ҳисоботӣ  ворид гардидаанд ва ситониши давравиро пешбинӣ менамоянд, бо 11 154 адади он мунтазам амалҳои иҷро гузаронида шуд", - қайд кард Саидвализода.

Ҳамчунин, афзуд сардори хадамот, 9 адади он бо дархости ситонандагон баргардонида шуда, 2 адад дар асоси санадҳои судӣ қатъ гардида, 8 адад тибқи тобеият ба дигар иҷрочиёни Хадамот, 154 адад ба муҳосиботи ҷойи кор ва 2 адад ба муҳосиботи ҷои адои ҷазои қарздорон ирсол гардидааст. 

Мавзӯъҳои асосӣ