03:30 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
192 0 0

Ожонси обуҳавошиносӣ мегӯяд, имрӯз дар баъзе ноҳияҳо боришоти борон ва барф дар назар аст. Аз ҷумла дар шарқи ВМКБ барф меборад

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон имрӯз абрнок ва боронӣ мешавад. Дар аксар ноҳияҳо бошад барф меборад, хабар медиҳад агентии "Ховар" бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят бориши борон ва барф ба амал меояд. Дар шарқи вилоят боридани барф др назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва  рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 14-19 ва рӯзона  4-9 дараҷа  хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон меборад, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо асосан бебориш ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Борону барфи тар: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона аз 2+7  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, рӯзона баъзан ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  5+7 ва рӯзона 14+16дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
Ожонси обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ