20:06 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1592 0 0

Пештар ҳам соҳибкори тоҷик ба чанд оилаи камбизоат манзил дода буду дар давраи ҳамагирӣ ба табибон кумак карда буд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Роҳбари ҶДММ "Сарманзил", узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов як модари тоҷик Ситора Сафарова, ки соҳиби панҷ фарзанд мебошад, дар шаҳри Душанбе соҳиби манзили истиқоматӣ гардид.

Манзили истиқоматии Ситора Сафарова дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир буда, аз се ҳуҷра (126  метри мураббаъ) иборат аст. Ин манзил аз ҷониби соҳибкор бо тамоми шароити замонавӣ, аз ашёи рӯзгор, хониш, таҷҳизот ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин карда шудааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Зимни тақдими хона Муродов зикр намудааст, ки "ҳамаи иқдомҳое, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша гирифта мешаванд,  дар партави сиёсати Эмомалӣ Раҳмон сурат мегиранд".

Ёдовар мешавем, ки Маҳмудҷон Муродов қаблан ба ду оилаи дорои имконияти маҳдуд дар кӯчаи Ҳусейнзода ва 3 нафар оилаҳои ятим ва дорои шахсони имконияташон маҳдуд- Раъно Раҳимова, Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам, дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе хона дода буд.

Ӯ Хонаи кӯдакони  пойтахтро бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ таъмир намуда, инчунин таъмири биноҳои як кӯчаро ба уҳда гирифт.

Кумаки соҳибкори тоҷик ба ятимону табибони Душанбе

Ҳамчунин  ба 150 нафар ниёзмандон, маъюбон, беморон ва оилаҳои камбизоати маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ ва Шоҳмансур-1-и пойтахт маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар,  биринҷ, макарон ва ғайра кумак расонид.

Барчаспҳо:
манзил, тақдим, соҳибкор, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ