19:32 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
308 0 0

Созмони Милали Муттаҳид бори дигар масъалаи бозгардонии хориҷиёнро аз урдугоҳҳои Сурия ба ватан, ба баррасӣ кашид

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Коршиносони СММ муроҷиатномаеро нашр карданд, ки дар он аз мақомоти кишварҳои гуногун даъват мекунанд, то шаҳрвандонашонро аз Сурия баргардонанд.

Изҳороти ин созмон ба 57 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фиристода шудааст.

Аз ҷумла, коршиносон ба вазъ дар урдугоҳҳои Сурия Эл-Хол ва Рог ишора мекунанд, ки ҳоло дар онҷо беш аз 64 ҳазор гуреза ҷойгиранд.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки вазъи шадиди башардӯстона аз қабули чораҳои фаврӣ барои пешгирии зарари ҷуброннопазир ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Сурия шаҳодат медиҳад.

Идомаи мулоқотҳои Зубайдзода бо вазирони Сурия барои баргардондани тоҷикистониён

СММ қайд мекунад, ки одамон дар урдугоҳҳо мавриди зӯроварӣ ва шиканҷа қарор мегиранд. Ин санадро 22 коршиноси СММ имзо кардаанд. Дар байни онҳо Фионуала Ни Аолайн, маърӯзачии вижа оид ба таблиғ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳангоми мубориза бо терроризм ва ҳамкасбони ӯ ҳастанд.

Қиссаи Лайлои "доишӣ": ҳомиладории ман ҳам сари роҳи шавҳарам ба Сурия нашуд - видео

Ёдовар мешавем, ки солҳои охир Тоҷикистон 84 кӯдакро аз Ироқ ва Сурия баргардонд. Онҳо ҳанӯз ба оилаҳои худ баргардонида нашудаанд; онҳо таҳти назорати мутахассисони Вазорати маориф ва Вазорати меҳнат қарор доранд.

Барчаспҳо:
ба ватан баргаштан, баргаштан, Тоҷикистон, шаҳрвандон, Сурия, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ