15:15 28 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
1580 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, бо имзои як қарор барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар ҳукумати пойтахт озмун эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Рустами Эмомалӣ барои ишғоли мансабҳои холии дастгоҳи раиси Душанбе ва мақомоти дигари пойтахт озмун эълон кардааст.

Бар асоси эълон, дар дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе мақоми сармутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналӣ холист, ки 1249 сомонӣ маош дорад.

Ду ҷои сармутахассиси шуъбаи иттилооти дастгоҳи раис низ бо маоши 1249 сомонӣ интизори довталабон мебошад. Барои мутахассиси пешбари шуъбаи иттилоот, ки як ҷой холӣ мебошад, 973 сомонӣ музд таъйин шудааст.

Дар феҳрасти ҷойҳои холӣ инчунин мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳ бо маоши 973 сомонӣ, мутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналӣ  - маош 800 сомонӣ зикр шудаанд.

Инчунин мақомоти Душанбе мудири бахши хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оиларо меҷӯянд, ки маошаш 1308 сомониро ташкил медиҳад.

Сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амвол бо 1249 сомонӣ маош, сармутахассиси Раёсати тандурустии шаҳр бо 1187 сомонӣ маош, мутахассиси пешбари Раёсати сармоягузорӣ бо 973 сомонӣ маош, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳӣ бо 973 сомонӣ маош дар феҳрасти ҷойҳои холии корӣ мебошанд.

Дар маҷмуъ 15 ҷойи кори холӣ пешниҳод шудаанд, ки маошашон аз 800 то 1300 сомониро ташкил медиҳанд.

Таъкид шудааст, ки ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси Душанбе тайи 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд. Тафсилоти талабот аз довталабон дар эълони ҳукумати Душанбе зикр шудаанд.

Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, ё тариқи  телефони 221-35-68, почтаи электронии  dushanbe80@yahoo.com ва ё сомонаи мақомоти иҷроия www.dushanbe.tj муроҷиат кунанд.

Барчаспҳо:
ҷои кор, маош, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ