Кумакпулӣ ба табибону камбизоатон дар пандемия: чанд сомонӣ пардохт шуд?

© Sputnik / Стас ЭтвешТаджикские деньги, архивное фото
Таджикские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Обуна шудан
Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, мегӯяд, аз буҷаи давлат барои кормандони соҳаи тиббу ҳифзи иҷтимоӣ, ки бо маризон сарукор доштаанд, кумакпулӣ пардохт гардид
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Каримзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ба 38 ҳазор корманди тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кумакпулӣ пардохт гардидааст. Ӯ ҳаҷми маблағеро, ки барои табибон пардохт шудааст, ҳудуди 39,4 миллион сомонӣ арзёбӣ кард.
Сомони в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2021
Дар Хатлон наздик ба 800 зиндонии собиқ кумакпулӣ гирифтанд
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки афзуд, ки барои коҳиши таъсири пандемия ба гуруҳҳои осебпазир аз буҷа бар асоси дастури раисиҷумҳур ба 421 ҳазор нафар аз оилаҳои осебпазир кумакпулӣ дар ҳаҷми 400 сомонӣ пардохт гардид.
Ба иттилои Каримзода, соли гузашта пандемия аз бахшҳои афзалиятноки маблағгузорӣ аз буҷаи давлатӣ буда, ба ин соҳа 2,6 миллиард сомонӣ равона шудааст.
Ноиби вазир таъкид намуд, ки дар маҷмуъ барои дастгирии қишрҳои осебпазир 168,6  миллион сомонӣ равона шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта Ҳукумат барои  пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ қарори махсус қабул карда буд.
Аз ҷумла Ҳукумат тасмим гирифта буд, ба шахсоне, ки ба гурӯҳҳои осебпазир дохил мешаванд, ба андозаи як музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида шавад. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ мебошад.
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дастур гирифта буд, ки аудити истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо гузаронида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати  Тоҷикистон гузориш диҳад.
Лентаи хабарҳо
0