Фирӯза шавҳар накард: ӯ барои "хайп" арӯсии бардурӯғ карду маъшуқашро гурезонд - видео

© Sputnik / Амир ИсаевФируза Хафизова
Фируза Хафизова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2021
Обуна шудан
Фирӯза Ҳафизова ахиран иқрор шуд, ки шавҳар накардаст ва навори арӯсии ӯ танҳо як шухӣ буд ва онро ба хотири "хайп" дар интернет паҳн кард
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Фирӯза Ҳафизова овозхони номдори тоҷик ҳар бор бо изҳорот ва ё наворҳои ғайри маъмулии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, баҳсҳои гармро ба миён меорад.
Аммо наворе, ки гӯё аз маросими "чойгаштак" сабт шудаву ӯ назди меҳмонон арӯсвор салом медиҳад, шояд бесобиқа бошад. Ахиран маълум шуд, ки Ҳафизова шавҳар накардаст ва он навор танҳо як "хайп" будааст.
Овозхони номдор дар бораи арӯсии бардуруғи худ дар YouTube канали Irоn King хабар дод.
Фирӯза мегӯяд, он рӯз чанд дугонаашро пас аз таъмири пурраи манзили худ ба меҳмонӣ даъват карда, бо онҳо фикр карданд, ки чӣ навори аҷибро сабт кунанду ба интернет гузоранд.
"Ахиран, ба сари ман чунин идея омад ва ман ба мисли арӯси баноз назди меҳмонон салом медодам ва тарзе вонамуд мекардам, ки гӯё ҷашни арӯсии ман бошад".
Фирӯза мегӯяд, пас аз паҳн шудани ин навор бисёриҳо фикр карданд, ки ӯ ҳақиқатан хонадор шуд ва табрикоту паёмакҳои зиёдро ҳамқабул кард.
Намоҳанги ҷадиди Фируза Ҳафизова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2019
"Фу мегум, фу ": шикваи Фирӯза Ҳафизова дар намоҳанги ҷадидаш аз ғайбати мардум
Аммо, ҳарчанд ин навор барои овозхон як "хайп" буд, ӯ бо таассуф изҳор намуд, ки дӯстдоштаи ӯ пас аз ин навор қаҳр кардааст ва муносибати онҳо ба мушкил печидааст.
"Ӯ қаблан чандин бор пешниҳоди издивоҷ кард, вале ман ҳар бор рад мекардем. Пас аз дидани ин навор ӯ шокӣ шуд, зеро дӯстону шиносонаш ҳам ба ӯ тамос гирифта, гиламандӣ намудаанд, ки онҳоро ба ҷашни хонадоршавии худ даъват накардем", - гуфт овозхон.
Фирӯза мегӯяд, аз оиладоршавии нахустини худ сахт шикаст хӯрдааст ва аз ин рӯ ҳоло дар фикри дубора хонадор шудан нест. Ӯ гуфт, агар хонадор шавам, ҳатман тарки саҳна мекунам ва ба тиҷорат рӯ меорам. Дар тарбияи Фирӯза ҳоло ду фарзанди ноболиғи ӯ қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0