09:27 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Московский Спартак на своем поле всухую обыграл Ростов

Рақибони мунтахаби ҷавонони ҶТ оид ба футбол маълум шуданд

© Фото : Павел Чукаев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
2 0 0

Дар Куала-Лумпур рақибони тими яккачини ҷавонони Тоҷикистонро барои сабқат дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё-2016-ро эълом карданд.

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Бар асоси қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "D" бо тимҳои мунтахаби ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб, Яман ва Шри-Ланка рақобит мекунад, иттилоъ медиҳад сомонаи ФФТ.

Қуръакашӣ рӯзи 4-уми декабр дар қароргоҳи Конфедератсиюни футболи Осиё, дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия баргузор шуд. Бозиҳои сабқати интихобӣ аз 23-юм то 31-уми марти соли оянда баргузор мешавад. Вале макони баргузории сабқати гурӯҳи «D" то ҳоло маълум нашудааст.

Дар марҳилаи интихобӣ 43 даста ширкат меварзад. Дастаҳо ба ду минтақа тақсим шудаанд. Ба минтақаи ғарбӣ 23 даста дохил аст: Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Урдун, Кувайт, Қирғизистон, Лубнон, Молдив, Непал, Умон, Покистон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Ӯзбакистон ва Яман.

Ба минтақаи шарқӣ 20 даста шомил аст: Австралия, Бруней, Камбоҷа, Чин, Тайван, Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Индонезия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Лаос, Макао, Малайзия, Муғулистон, Мянмар, Филиппин, Сингапур, Тайланд, Тимори Шарқӣ ва Ветнам.

"Барои баргузории марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 чор  кишвар — Эрон, Қатар, Арабистони Саудӣ ва Ӯзбакистон даъвогар буданд. Мизбони сабқати қитъавӣ 30-юми ноябр дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи AFC маълум шуд. Ин Қатар мебошад, ки мунтахаби ҷавонони ин кишвар аз мусобиқаи интихобӣ озод аст"- менависад манбаъ.

Ҷоизадорони қаҳрамонии ҷавонони Осиё ба Олимпиадаи соли 2016 роҳхат мегиранд.

 

Барчаспҳо:
Осиё-2016, Конфедератсияи футболи Осиё, қуръакашӣ, Тоҷикистон, Малайзия, Куала-Лумпур, футбол

Мавзӯъҳои асосӣ