Ҳайати тими яккачини ҷавонони футболи ҶТ эълом шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкФутбол. Акс аз бойгонӣ
Футбол.  Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нуздаҳ футболбоз ба ҳайати тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2015 интихоб шуданд. Қабл аз прарвоз ба “пойтахти шимолӣ”-и Русия онҳо дар Душанбе ду бозии санҷишӣ мегузаронанд.

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik.  Алишер Тухтаев, сармураббии мунтахаби ҷавонони  футболи Тоҷикистон (U-21), бозигаронеро, ки барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2015 ба Санкт-Петербурги Русия мераванд, номбар кард. Ин мусобиқа аз 16 то 25-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор хоҳад шуд, менависад сомонаи КМО-и ҶТ.

Ба ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 19 футболбоз — 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар мусобиқаи XXIII байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2015, ки аз 16-ум то 25-уми январ бо ширкати 12 даста дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, дар гурӯҳи "С" бо тимҳои Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Литва ва Қазоқистон рақобат хоҳад кард.

Футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рақибони мунтахаби ҷавонони ҶТ оид ба футбол маълум шуданд

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин бозиашро 17-уми январ бо тими Қазоқистон, бозии дувумашро 18-уми январ бо мунтахаби Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва бозии севумашро 20-уми январ бо дастаи Литва анҷом медиҳад.

Ба ҳайати дастаҳои ширкаткунандаи ин мусобиқа футболбозони соли таваллудашон 1994 ва аз он хурд дохил мешаванд. Дар Ҷоми Иттиҳод, ки барои бори 23-юм барпо мегардад, ба ҷуз 10 дастаи мунтахаби кишварҳои собиқи шӯравӣ, инчунин тимҳои ҷавонони Финляндия ва Африқои Ҷанубӣ ширкат хоҳанд кард.

Мунтахаби ҷавонони кишвар пеш аз сафар ба Санкт-Петербург ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Имрӯз, 6-уми январ, соати 15:00 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии Душанбе бо мунтахаби ҷавонони кишвар (U-19) рақобат мекунад. Бозии дувуми мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бо дастаи "Истиқлол"-и Душанбе рӯзи панҷшанбеи 8-уми январ соати 11:00 дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор мешавад.    

Лентаи хабарҳо
0