22:00 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Аз чап ба рост: Дилшод Восиев, Мубин Эргашев ва Хуршед Маҳмудов

“Варзиш-Спорт” Хуршед Маҳмудовро беҳтарин футболбози сол эълом кард

Официальный сайт ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
8 0 0

Се бозигари тими футболи «Истиқлол» – Дилшод Восиев, Нуриддин Давронов ва Хуршед Маҳмудов дар рӯйхати ин нашрия ҳамчун муддаиёни унвони беҳтарин бозигари сол шомил шуда буданд.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ниммуҳофизатгари «Истиқлол»-и Душанбе Хуршед Маҳмудов аз рӯи меъёри баҳогузории «Варзиш-Спорт» беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2014 шинохта шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Зимнан, дар тарабхонаи мавсум ба «Royal Pub» маросими эҳдои ҷоизаҳо ба беҳтарин варзишгарони соли гузаштаи Тоҷикистон баргузор гардид. Се нафар бозигарони «Истиқлол»-и пойтахт — Дилшод Восиев, Нуриддин Давронов ва Хуршед Маҳмудов дар рӯйхати хабаргузорӣ муддаиёни унвони беҳтарин бозигари сол шомил буданд, ки дар натиҷа Хуршед Маҳмудов ғолиб шуд.

Ба унвони беҳтарин мураббии сол сармураббии «Истиқлол» Мубин Эргашев, аз  «Далерон-Ӯротеппа» Маҳмадҷон Ҳабибуллоев ва аз «Хуҷанд» Нӯмонҷон Юсупов талабгор буданд. Аз рӯи натиҷаи овоздиҳии ОВИ «Варзиш-Спорт» Мубин Эргашев беҳтарин мураббии сол эътироф шуд. Зери роҳбарии ин сармураббӣ «Истиқлол»-и пойтахт дар мавсими футболи соли гузашта барандаи Суперҷому Ҷоми Тоҷикистон гардида, инчунин унвони қаҳрамониро низ ба даст даровард.

Ҳамлагари «Истиқлол» Дилшод Восиев ҷоизаи беҳтарин нишонзани сабқати қаҳрамонии соли гузаштаи футболи Тоҷикистонро соҳиб шуд.

Ҳамзамон, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои саҳми босазояш дар рушду инкишофи футболи кишвар бо ҷоизаи махсуси хабаргузории   «Варзиш-Спорт» мушарраф гардид.  

Дар номинатсияҳои дигар,  беҳтарин варзишгари наврас дар соли 2014-ум таэквондист  Ширин Набиева эътироф шуд. Гурзпарто Дилшод Назаров, ки ғолиби Бозиҳои Осиёӣ-2014 дар Инчхон гардида буд, беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2014 эълом шуд.

Барчаспҳо:
ниммуҳофизатгари Истиқлол, беҳтарин мураббии сол, беҳтарин футболбози сол, Варзиш-Спорт, ФФТ, Дилшод Назаров, Рустами Эмомалӣ, Хуршед Маҳмудов, Мубин Эргашев, Дилшод Восиев, Инчхон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ