09:43 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Бозии Хайр ва Шайх Рассел

Пирӯзии тими “Хайр"-и Ваҳдат бар "Sheikh Russel "-и Бангладеш

Официальная страница ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Барандаи нишонҳои нуқрагии чемпионати футболи Тоҷикистон дастаи "Хайр"-и Ваҳдат дар бозии даври дуюми интихобии Ҷоми КФО (Конфедератсиони футболи Осиё) бар "Sheikh Russel Krira Chakra"-и Бангладеш пирӯз шуд.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бозии даври дуюми интихобии Ҷоми КФО (Конфедератсиони футболи Осиё) — 2015 байни дастаҳои "Хайр"-и Ваҳдат ва "Sheikh Russel Krira Chakra"-и Бангладеш, ки 10-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1-0 хотима ёфт, иттилоъ медиҳад сомонаи ФФТ.

"Ҳамлагар Ҳасан Рустамов дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 22-юм, тӯбро бо сар ба дарвозаи меҳмонон ворид кард",- менависад манбаъ.

Доварони ин бозӣ бо раҳбарии довари ФИФА Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассим аз Қатар буданд.

Ба ин тартиб, "Хайр" дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 — бошгоҳи «Салом Ҷҳарта» — вориди рақобат мешавад.

Дар сурати пирӯзӣ «Хайр» дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи «А» бо «Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас»-и Урдун, «Ал-Наҳда» ё «Сувайк»-Умон ва ё «Ал-Ваҳда»-и Сурия рақобат хоҳад кард.

Барчаспҳо:
пирӯзии тими Хайр, футбол, Ҷоми КФО-2015, "Sheikh Russel Krira Chakra", "Хайр", Ҳасан Рустамов, Бангладеш, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ