“Истиқлол” бозиро бо “Нойштрелитс”-и Олмон мусовӣ кард

© Официальный сайт ФК "Истиклол"Бозии "Истиқлол" - "Нойштрелитс" 10 феврали соли 2015
Бозии Истиқлол - Нойштрелитс 10 феврали соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамони Тоҷикистон тамринот дар Туркияро бо бозиҳои дӯстона бо тимҳои хориҷӣ идома медиҳад. Бозии дуввум зери борон гузашта мусовӣ анҷом шуд.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Бозии дуввуми санҷишӣ миёни "Истиқлол"-и Душанбе ва тими "Нойштрелитс"-и Олмон мусовӣ анҷом шуд, хабар медиҳад сойти расмии тими футболи пойтахт.

Ин тимҳо рӯзи душанбе, 10 феврал дар бошгоҳи тамринотии "Аркадия" бо ҳам бозӣ кардаанд.

Бозигарони тими Истицлол-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бохти “Истиқлол” дар нахустин бозии санҷишӣ дар Анталия

"Бозӣ зери борони шадид, ки тӯли тамоми бозӣ идома дошт, гузашт. Ин амр дар бозии футболбозон бетаъсир набуд", — омадааст дар хабар.
Нахуст дар дақиқаи 35-уми бозӣ футболбозони олмонӣ дар пайи зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра ба дарвозаи тими Душанбе тӯб заданд.

Баъди таннафус дастаҳо рақобатро идома дода ва дар дақиқаи 70-ум бозигарони "Истиқлол" ҳамлаи навбатӣ карданд ва Дилшод Восиев тӯбро вориди дарвозаи тими олмонӣ кард.

Дар вақти боқимонда ҳисоби бозӣ тағйир наёфт.

"Нойштрелитс" — тими футбол аз шаҳри ҳамном дар Олмон аст, ки соли 1949 таъсис шуда дар лигаи минтақавии шимолу шарқи кишвар бозӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0