“Истиқлол” бо “Нефтчӣ”-и Фарғона ва “Амкар”-и Перм бозӣ мекунад

© Фото : Официальный сайт ФФТБозигарони тими "Истиқлол"-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бозигарони тими Истиқлол-и Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рақибони навбатии тими “Истиқлол”-и Душанбе дар тамриноти санҷишии Туркия маълум шуданд.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Дастаи "Истиқлол"-и  Душанбе дар чорчӯби тамриноти санҷишӣ дар Туркия бо қаҳрамони панҷкаратаи футболи Ӯзбакистон- тими "Нефтчӣ"-и Фарғона рақобат мекунад, иттилоъ медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба қавли манбаъ, интизор меравад "Истиқлол" боз як бозии дигари санҷишӣ низ дар Туркия баргузор намояд. Ҳарифи навбатии клуби Душанбе дастаи ҷавонони "Амкар"-и Перм хоҳад буд.

Сабқати "Истиқлол" бо "Нефтчӣ" соати 20:00 вақти маҳаллӣ, рӯзи 13 феврал дар варзишгоҳи "Аркадий" баргузор мешавад. Бозии санҷишии охирини "Истиқлол" рӯзи 16 феврал бо тими "Амкар" дар назар аст.

Бозии дуввуми санҷишӣ миёни "Истиқлол"-и Душанбе ва тими "Нойштрелитс"-и Олмон рӯзи 10-уми феврал мусовӣ анҷом шуд. Нахуст дар дақиқаи 35-уми бозӣ футболбозони олмонӣ дар пайи зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра ба дарвозаи тими Душанбе тӯб заданд.Баъди таннафус дастаҳо рақобатро идома дода ва дар дақиқаи 70-ум бозигарони "Истиқлол" ҳамлаи навбатӣ карданд ва Дилшод Восиев тӯбро вориди дарвозаи тими олмонӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0