17:59 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Бозии Хайр ва Шайх Рассел

Бохти "Хайр" ва маҳрумияти он аз идомаи бозӣ дар сабқати Ҷоми КФО-2015

Официальная страница ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
11 0 0

Дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар Бейрут аз тими «Салом Ҷҳарта»-и Лубнон шикаст хӯрд аз идомаи сабқат дар Ҷоми КФО маҳрум шуд.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дастаи "Хайр"-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар бозии плей-оффи Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015, ки шоми сешанбеи 17-уми феврал дар пойтахти Лубнон — Бейрут — ба анҷом расид, аз тими «Салом Ҷҳарта» бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд, иттилоъ медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

"Голҳоро Аҳмад Хатиб дар дақиқаи 23-юм, Лукас Галан дар дақиқаи 48-ум ва Алекс Боутрос дар дақиқаи 87-ум ба ҳадаф расонданд. Сардовари ин бозӣ Нагор Амир Нур Муҳаммади 32-сола аз Малайзия буд",- афзуд манбаъ.  

Ба ин тартиб, дастаи "Хайр" аз ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 маҳрум шуд. "Салом Ҷҳарта", ки ба даври баъдӣ роҳ ёфт, дар гурӯҳи «А» муқобили тимҳои «Ал-Ваҳдат»-и Урдун, «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Ал-Наҳда»-и Умон бозӣ хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки «Хайр» бо шумули 23 нафар, аз он ҷумла 18 футболбоз, ба Лубнон сафар карда буд ва ин бозӣ рӯзи 17 феврал дар  Бейрут дар варзишгоҳи «Салом Ҷҳарта» баргузор гардид.

Мавзуъ

Пирӯзии тими “Хайр"-и Ваҳдат бар "Sheikh Russel "-и Бангладеш
Ҷоми АФК-2015: “Хайр” бо “Sheikh Russel” рақобат мекунад
Барчаспҳо:
футбол, бохт, шикасти тим, Ҷоми КФО-2015, "Салом Ҷҳарта", Хайр, Алекс Боутрос, Лукас Галан, Аҳмад Хатиб, Бейрут

Мавзӯъҳои асосӣ