23:44 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Ҷавонон ва варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
5 0 0

Варзишгарони панҷ кишвар дар нахустин мусобиқоти қаҳрамонии Осиёи Марказӣ аз рӯйи варзиши каратэ-до дар маркази маъмурии вилояти Суғд ширкат карданд ва соҳибони мусобиқот ҷойи аввал ва севвумро ба ҳисоби тимӣ сарфароз шуданд.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Нахустин мусобиқоти қаҳрамонии кушодаи Осиёи Марказӣ аз рӯйи варзиши каратэ-до тибқи шеваи WSKU дар Хуҷанд анҷом шуд, менависад рӯзи панҷшанбе хабаргузории "Авеста".

Дар ин мусобиқот, ки дар кохи варзишии "Шоҳин" баргузор шуд, варзишгарон аз Қирғизистон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Русия ва Тоҷикистон, ки ба ин қаҳрамонӣ якбора бо се тим муаррифӣ шуд, ширкат карданд.

Дар ниҳояти мусобиқот ҷойгоҳи аввалро бо миқдори бештари медалҳои тиллоӣ дар рақобати тимӣ гурӯҳи "Тоҷикистон-1", ҷойгоҳи дуввумро тими Қирғизистон ва ҷойгоҳи севвумро тими "Тоҷикистон-2" соҳиб шуданд.

Дар ин қаҳрамонӣ беш аз 400 варзишгари аз 6 то 60-сола ширкат карданд, гуфт ба хабаргузорӣ раиси Федератсияи каратэ-до ва годзю-рюи Тоҷикистон Темурхон Қаюмов.

Ин мусобиқот ба ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ якҷо бо Федератсияи каратэ-до бо мусоидати мақомоти маҳаллӣ баргузор шуд.

Барчаспҳо:
аз 6 то 60-сола, варзишкорон, мусобиқоти қаҳрамонии минтақавии каратэ-до, Федератсияи каратэ-до, Темурхон Қаюмов, Хуҷанд, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ