09:48 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Ду тӯби задаи бозингарони “Истиқлол” ба пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар тими Молдив боис шуд.

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Тими мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Молдив бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Зарбаҳои дақиқи футболбозони "Истиқлоли" Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев ва Манучеҳр Ҷалилов боиси пирӯзии тими миллии Тоҷикистон шуданд.

Бозии дӯстона шоми рӯзи панҷшанбе дар варзишгоҳии миллӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Мале баргузор шуд.

Қаблан сармуррабии тими Молдив Велизар Попов хабар дода буд, ки чаҳор тан аз бозингарони беҳтарини ин даста ба далели ҷароҳатҳои бардошта наметавонанд дар ин бозӣ ширкат дошта бошанд.

Мавзуъ

“Ласточка”- ғолиби мусобиқаи футбол бахшида ба 8 март
Мудири кулли тими “Энергетик” умрбод аз футбол дур карда шуд
Рӯзҳои баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия муайян шуд
Рақибони мунтахаби ҷавонони ҶТ оид ба футбол маълум шуданд
Барчаспҳо:
2:0, пирӯзӣ бар тими мунтахаби Молдив, "Истиқлол", Федератсияи футболи Тоҷикистон, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов, Велизар Попов, Молдив, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ