“Истиқлол” бори панҷум барандаи Ҷоми олии футболи Тоҷикистон гардид

© Sputnik / Амир ИсаевБозигарони дастаҳои футболи "Истиқлол" ва "Равшан". Акс аз бойгонӣ
Бозигарони дастаҳои футболи Истиқлол ва Равшан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вақти асосии бозӣ ва замони иловагӣ низ ғолибро муайян карда натавонист, дастаҳо барои задани силсилаи пеналтиҳо омода шуданд. Дар иҷрои он душанбегиҳо дастболо гардиданд.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Душанбе барои панҷумин бор ғолиби Ҷоми олии Тоҷикисттон шуд, менависад сайти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозӣ барои Ҷоми олӣ ё Cуперҷоми Тоҷикистон-2015 оид ба футбол шоми якшанбеи 5-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд.  Дар ин бозӣ дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2014, бар тими «Хайр»-и Ваҳдат, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар, аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-3 ғалаба кард.

Тӯби футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Хайр” барои Ҷоми олӣ. 5 апрел

Ба иттилоъи манбаъ, замони асосӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Ба ду голи "Истиқлол", ки дар нимаи аввали бозӣ Хуршед Маҳмудов (дақиқаи 40-ум) ва Фатҳулло Фатҳуллоев (дақиқаи 44-ум) заданд, бозигари "Хайр" Меҳроҷиддин Музаффаров дар нимаи дувум (дақиқаҳои 69-ум ва 87-ум) бо ду гол посух дод. Дар 30 дақиқаи замони изофӣ низ ғолиб муайян нашуд.

"Дар задани силсилаи пеналтӣ кори футболбозони "Истиқлол" омад кард ва онҳо бо ҳисоби 4:3 ғолиб омаданд",- менависад сарчашмаи хабар.

Маврид ба ёдоварист, Ҷоми олииТоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори шашум баргузор шуд. «Истиқлол» барандаи аввалин ва феълии ин ҷом аст. Дастаи футболи душанбегиҳо панҷ маротиба (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014 ва 2015) ва «Равшан»-и Кӯлоб як маротиба (соли 2013) Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овардаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0