00:22 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Мусобиқаи дзюдочиён

Пирӯзии Расул Боқиев дар сабқати дзюдо дар Маскав

© Sputnik Александр Поляков
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
2910

Дар сабқати ниҳоӣ Расул Боқиев ҳарифаш Сергей Попови маскавиро мағлуб карда, мақоми аввали мусобиқаро сазовор гашт.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Устоди варзиши Тоҷикистон Расул Боқиев дар мусобиқаи умуримирусиягии ҷамъияти варзишии "Динамо", ки ба 70-солагии Ғалаба дар ҶБВ бахшида шуда буд, ширкат карда, барандаи мақоми аввал гардид, менависад торнамои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар он 38 варзишгар аз 6 ҷамъияти маҳаллии "Динамо" ширкат доштанд.

Боқиев дар вазни 90 килограмм баромад карда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхта гирифт. Дар сабқати финалӣ бо Сергей Попов, варзишгари маъруфи Маскав гӯштӣ гирифта, ӯро мағлуб кард. Ҷойи саввум насиби Мурат Сабанов ва Кирил Богачёв шуд.

Дзюдочии тоҷик Расул Боқиев, устоди варзиши Тоҷикистон, барандаи нишони биринҷии бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин аст. Ҳамчунин, паҳлавони маъруф дар соли 2007 дар РИо-де-Женейро соҳиби медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо гардида, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва  2012 мебошад. Соли 2009 унвони Қаҳрамони Русия дар риштаи гуштии дзюдоро соҳиб гардидааст.

Расул Боқиев 29 сентябри соли 1982 дар ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дар хонаводаи паҳлавони шинохтаи тоҷик Худойназар Боқиев ба дунё омадааст.

Барчаспҳо:
барандаи мусобиқа шуд, гӯштини дзюдо, дзюдо, ҷамъияти варзишии "Динамо", КМО, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кирил Богачёв, Мурат Сабанов, Сергей Попов, Расул Боқиев, Пекин, Рио-де-Женейро, Рӯдакӣ, Тоҷикистон, Маскав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ